Ҳерберт Спенсер Гассер

Ҳе́рберт Спе́нсер Га́ссер (англ. Herbert Spencer Gasser; 5 июли 1888, Платтевил, Висконсин, ИМА — 11 майи 1963, Нйю-Йорк, ИМА) — физиологи амрикоӣ.

Ҳерберт Спенсер Гассер
англ. Herbert Spencer Gasser
Таърихи таваллуд 5 июл 1888(1888-07-05)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 11 май 1963(1963-05-11)[2][3][4][…] (74 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ корандомшиносии асаб[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Университети Висконсин (1911). Фаъолияти кориаш ҳамчун ассистенти кафедраи физиологияи Университети Висконсин (1911-13) ва Университети Вашингтон (1915-21) оғоз ёфта, баъдан профессор фармакологияи Универсиситети Вашингтон (1921-31), профессори физиологияи Университети Корнелл (1931-35), директори Институти Рокфеллер (1935-53) буд. Оид ба падидаҳои биоэлектрӣ дар ҳуҷайра ва торҳои асаб, инчунин усулҳои таҳқиқи нейрофизиологӣ пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Чанд гурӯҳи торҳои асабро аз рӯйи шиддати ҷунбаи онҳо ҷудо намудааст. Соли 1944 ҳамроҳи Ҷ. Эрлангер барои омӯзиши торҳои ҷудогонаи асаб сазовори ҷоизаи Нобел гардид.

  1. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. 3.0 3.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  4. Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.

Сарчашма

вироиш