Ҳизби демократи Тоҷикистон


Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон.

Ҳизби демократи Тоҷикистон
Пешво: Шаҳбози Аброр
Санаи асосгузорӣ: 1990
Қароргоҳ: Душанбе Тоҷикистон
Маром: liberal conservatism[d], social conservatism[d], секулорисм ва анти-коммунизм

Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар натиҷаи якҷояшавӣ бо Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистоназ ҷониби Вазорати адлияи ҶТ ба расмият шинохта шудааст[1].

Таърих

вироиш

Маҳмадрӯзӣ Искандаров аввалин роҳбари ҳизб мебошад, ки соли 1990 таъсис ёфтааст. Ҷумъабой Ниёзов аз бунёдгузорони ҳизби демократӣ маҳсуб меёбад, ки дар Анҷумани таъсисӣ дар соли 1990 муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид ва дар солҳои 1995 – 1999 вазифаи раисиро бар уҳда дошт. Ҳамзамон аз он вақт то охири соли 2007 сарварии ин ҳизб дар вилояти Суғд буд[2].

Саъидҷаъфар Усмонов соли 2006 ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси ҳизб интихоб шуд. Дар таърихи 17 сентябр дар анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон ба унвони номзад ба мақоми президентӣ муаррифӣ шуд[3]. Саъидҷаъфар Усмонов дар Интихоботи президентии Тоҷикистон, 2013 ҳамчун номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон иштирок кардааст.

Саидҷаъфар Усмонзода ягона вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI буд.[4]

Шаҳбози Аброр раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

вироиш

Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон 10-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар ҷараёни он, фаъолияти раҳбари, инак, собиқи ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамзамон ягона вакили парлумон аз ин ҳизб аст, “ғайриқаноатбахш” баҳогузорӣ шуд. Саидҷаъфар Усмонзода, ки дар ин анҷумани ғайринавбатӣ иштирок накард, аз курсии раиси ҳизб барканор шуд. Ӯ анҷуман ва қарорҳои онро ғайриоинномавӣ номид. Вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз омӯзиш қарорҳои дахлдори Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистонро тасдиқ ва нусхаи санади расмии бақайдгирии ҳизби сиёсиро ба номи раиси тозаинтихоби ҳизб Шаҳбози Аброр ба Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон ирсол кардааст. Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст[5].

Нимаи моҳи июни соли 2024 собиқ раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода ба иттиҳоми талоши ба таври зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият инчунин муовини якуми раиси Ҳизби демократ, рӯзноманигор Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, муовини раиси ҳизб Шокирҷон Ҳакимов ба ҳабс гирифта шуданд. Аксарияти ҳабсшудагон бо моддаи 305 (Хиёнат ба давлат) ва 306 (Ғасби зӯроваронаи ҳокимият) айбдор мешаванд. Додситонии кулл ба парвандаи онҳо муҳри махфӣ гузошта, аз ин рӯ, маълум нест, ки мушаххасан кадом амали боздоштшудагон ба ин моддаҳо мувофиқанд. [6].


  1. Музокироти демукротҳо "бенатиҷа анҷом ёфт" BBC Тоҷикӣ 23 Сентябр соли 2009
  2. Даргузашти Ҷумъабой Ниёзов, муовини Маҳмадрӯзӣ Искандаров 10.01.2009 Озодӣ
  3. C. Исмонов: "Як писари ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳад" (Радиои Озодӣ)
  4. Усмонзода Саидҷаъфар Усмон(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2020.
  5. Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст (tj). asiaplustj(пайванди дастнорас — таърих) (24 Декабри 2024). 20 Январ 2025 санҷида шуд.
  6. [https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20241231/muimtarin-ridodoi-soli-2024-baroi-toikiston-tibi-farziyai-aziya-plyus Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2024 барои Тоҷикистон тибқи фарзияи “Азия-Плюс” Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/society/20241231/muimtarin-ridodoi-soli-2024-baroi-toikiston-tibi-farziyai-aziya-plyus/8. Парвандаи сиёсатмадорони маъруф доир ба кӯшиши ғасби ҳокимият] (tj). asiaplustj(пайванди дастнорас — таърих) (24 Декабри 2024). 20 Январ 2025 санҷида шуд.

Сарчашма

вироиш