Ҳизби коммунистии Тоҷикистон
Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон. Раиси ҳизб — Меҳроҷ Абдуллоев (аз 22 апрели соли 2017).
Ҳизби Комунистии Тоҷикистон | |
---|---|
Ҳизби Комунистии Тоҷикистон | |
Санаи асосгузорӣ: | 6 декабр 1924 |
Қароргоҳ: | Душанбе |
Маром: | Marxism–Leninism[d], anti-capitalism[d], anti-fascism[d] ва social democracy[d] |
Шумораи аъзо: | 45000 |
Ҷой дар палатаи поёнӣ: | 5 |
Таърих
вироишҲизби коммунисти Тоҷикистон соли 1924 таъсис ёфта, замони мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси Кумитаи марказии он дар амал роҳбари аввали ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ аз соли 1991 то соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов раиси ивазнашавандаи он буда, аввали моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков, муовини аввали ӯ низ муддати солҳои тӯлонӣ раиси ҲКТ интихоб шуд.
Исмоил Талбаков 17 декабри соли 2016 дар синни 61-солагӣ бемаҳал аз олам даргузашт. Аввали соли равон котиби ҳизб Мирзоазим Насимов муваққатан иҷрокунандаи раиси ҲКТ таъйин шуд. Аз апрели соли 2017 то имрўз Раиси Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон, ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллоев Мироҷ Санонович мебошад. Бино ба маълумоти худи коммунистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (2017) дар сафҳои худ ҳудуди 45 ҳазор нафар аъзо дорад.[1]
Эзоҳ
вироишЭзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- Нусхаи бойгонишудаи сомонаи ҳизб (нусхаи аслиаш дастрас нест) 30 апрел 2014(пайванди дастнорас)