Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ; таъс. 26 октябри соли 1991) — ҳизби сиёсии мухолиф, ягона ҳизби исломӣ, ки расман дар минтақаи Осиёи Марказӣ[1] то моҳи сентябри соли 2015 амал мекард. Раиси ҳизб — Муҳиддин Кабирӣ. Нашрияи ҳизбӣ — «Наҷот».
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон | |
---|---|
Пешво: | Муҳиддин Кабирӣ |
Асосгузор: | Сайид Абдуллоҳи Нурӣ |
Санаи асосгузорӣ: | 1973 |
Қароргоҳ: | |
Маром: | Олмон |
Шумораи аъзо: | 50000 |
Шиор: | Имон ба Худо, Садоқат ба Ватан, Хидмат ба Мардум |
Матбуоти ҳизб: | Ҳафтавори «Наҷот», маҷаллаи «Сафинаи умед» |
Сайт: | nahzat.org |
Аз 29 сентябри 2015, ин ҳизб тавассути Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони як созмони террористӣ шинохта шуда ва дар саросари ҷумҳурӣ мамнӯъ шудааст[2]. Ин ҳизб ҳамчунин дар Сохтори минтақаии зиддитеррористии СҲШ[3] ва ҳамчунин дар СПАД[4] террористӣ ва ифротӣ шинохта шуд.
Таърих
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз аҳзоби умдаи мухолиф ва танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Осиёи Миёна маҳсуб мешавад, 26 октябри соли 1991 таъсис ва дар моҳи декабри ҳамон сол расман сабти ном шуд. Ҳарчанд гуфта мешавад 20 апрели соли 1973 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, Муҳаммадҷон Ғуфронов, маъруф ба Қорӣ Муҳаммадҷон, Неъматуллоҳ Эшонзода, Холиди Абдусалом ва Қаландар Садруддинов созмонеро поя гузоштанд, ки бо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои шӯравӣ ба таври пинҳонӣ фаъъолият мекардааст.
Баъди расмият гирифтан раҳбарии ин ҳизбро Муҳаммадшариф Ҳимматзода, аз чеҳраҳои саршиноси сиёсӣ ва мазҳабии Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Ин ҳизб арзишҳо ва аҳдофи худро чунин тавсиф мекунад: «Бо инояти Худованди муттаъол, пайравӣ аз Паёмбари гиромӣ (с) ва эътимод ба нерӯву хиради мардум, ноил шудан ба бунёди ҷомеъаи пешрафта, озода ва босубот, расидан ба авлавияти қонун ва адолати иҷтимоъӣ, мардумсолорӣ, шоистасолорӣ ва каромати инсонӣ бар асоси арзишҳои миллию маҳзабӣ ва умумибашарӣ.»
Дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992—1997 дар Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломӣ якҷо бо Ҳизби демукрот ва созмони «Лаъли Бадахшон» алайҳи давлати вақти кумунистӣ сангар гирифта буд. Дар авоили соли 1993 Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ кард.
Он замон пойгоҳҳои аслии ин ҳизб ва нерӯҳои дигари мухолиф дар Афғонистон воқеъ буд ва онҳо маъмулан дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон, бо нерӯҳои давлатӣ даргир мешуданд.
Пас аз имзои Мувофиқатномаи сулҳи Тоҷикистон дар моҳи июни соли 1997 шароит барои бозгашти аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба кишвар фароҳам шуд ва дар моҳи августи соли 1999 ин ҳизб дубора ба расмият шинохта шуд.
Он замон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Иттиҳоди мухолифони давлати Тоҷикистон дар анҷумани Ҳизби наҳзати исломӣ ба раҳбарии ин ҳизб интихоб шуд.
Мунтақидони Нӯрӣ ӯро бештар ба муъомила бо давлат ва ҳимояти ошкор аз Эмомалӣ Раҳмон, муттаҳам мекарданд.
Ба дунболи фавти Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар 9 августи соли 2006 раҳбарии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба уҳдаи Муҳиддин Кабирӣ вогузор шуд.
Ҳизби наҳзати исломӣ бо номзади худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 1999 ширкат дошт. Дар ин интихобот Давлати Усмон, намояндаи ин ҳизб, танҳо ҳудуди 4 дар сад аз орои интихобкунандагонро ба даст овард.
Ин ҳизб дар ду интихоботи порлумонӣ дар солҳои 2000, 2005 ва 2010 муваффақ шуд дунафарӣ аз намояндагони худро вориди порлумон кунад.
Нашриёт
Ҳафтаномаи «Наҷот» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» аз ҷумлаи нашрияҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.
Роҳбарони ҲНИТ
Изҳороти Вазорати адлия нисбати ҲНИТ
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ба Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон огоҳинома ирсол намуда, аз роҳбарияти ин ҳизб қатъи фаъолияти ғайриқонуниашро талаб намудаст. Тавре дар номаи мазкур омадааст, мувофиқи моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҳизби сиёсии ҷумҳуриявӣ бояд дар аксари шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ дошта бошад. Мувофиқи санадҳои ба Вазорати адлия воридшуда дар 58 шаҳру ноҳияҳои мамлакат ташкилоти ибтидоии ҲНИТ фаъолияти худро қатъ кардаанд. Бинобар ин ҲНИТ наметавонад худро ҳизби умумиҷумҳуриявӣ муаррифӣ карда, анҷуман баргузор кунад.
Роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар симои Саидумар Ҳусайнӣ ва дигарон бо ҷамъ овардани гурӯҳи журналистон дар як манзили шахсии истиқоматӣ, ба ном нишасти хабарӣ баргузор карда, баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ-ро эълон намуданд. Роҳбарияти ҲНИТ дар баёнияи худ сабаби баста шудани қароргоҳи ҳизби наҳзатро ба қарори Шӯрои сиёсии ҳизб дар хусуси баргузор кардани анҷумани ҲНИТ алоқаманд шарҳ дода, дархост карданд, ки қароргоҳи ҳизб боз карда шавад ва барои фаъолияти он монеъа аз байн бурда шавад. Сабаби баста шудани қароргоҳи ҲНИТ баҳси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо соҳибмулки бино ва ғайриқонунӣ харидорӣ шудани бинои мазкур эълон шудааст.[5]
Қатъи фаъолият
Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябри 2022 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро созмони террористӣ эълон намуд ва фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард, инчунин нашри ҳафтаномаи «Наҷот» — органи чопии ташкилот ва саҳифаи интернетии он бо қарори додгоҳ мутаваққиф шуд.[6]
Моҳи сентябри соли 2018 дар Варшава намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва ҳамчунин се созмони дигар («Анҷумани озодандешони Тоҷикистон», «Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва «Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ») «Паймони миллии Тоҷикистон»-ро таъсис доданд, ки Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2019 низ ин созмонро манъ кардааст.
Эзоҳ
- ↑ «Mountain Rigger», The Economist, November 11, 2006
- ↑ Ҳалномаи Суди Олии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти ифротгарою террористӣ эълон намудани ҲНИТ.
- ↑ Исламская партия Таджикистана – в списке террористических организаций РАТС ШОС(рус.). tajikta.tj. ТаджикТА. 6 сентябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ ОДКБ признала Партию исламского возрождения Таджикистана террористической организацией(рус.). www.belta.by. БелТА (7 сентябри 2017). 6 сентябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ Вазорати адлияи ҶТ: «ҲНИТ дигар ҳизби умумиҷумҳуриявӣ нест» дар АМИТ "Ховар". 9 сентябри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 сентябри 2015.
- ↑ ҲНИТ созмони террористӣ эълом шуд — http://sputnik-tj.com
Пайвандҳо
- nahzat.org — вебгоҳи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон