Сайид Абдуллоҳи Нурӣ
Сайид Абдуллоҳи Нурӣ (Абдулло Нуриддинович Саидов; 15 марти 1947, Оштиён — 9 августи 2006, Душанбе) — арбоби ҷамъиятӣ ва сиёсӣ, муассис (1973), раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (1997—2006) ва раиси Комиссияи оштии миллӣ (1997—2000), олими илоҳиёт.
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Абдулло Нуриддинович Саидов |
Таърихи таваллуд: | 15 март 1947 |
Зодгоҳ: | деҳаи Оштиён, Тавилдара, вилояти Ғарм, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт: | 9 август 2006 (59 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: |
Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон |
Эътиқод: | ислом |
Ҳизб: | Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | сиёсатмадор |
nuri.tj |
Зиндагинома
вироишСайид Абдуллоҳи Нурӣ 15 марти соли 1947 дар деҳаи Оштиёни ноҳияи Сангвор ба дунё омадааст. Вай чаҳорумин фарзанди Нуриддин Саидов (1900—1982), раиси райпо (Тоыикматлубот) ва ҷамоати деҳои Арғанкӯл буд. Соли 1953, пас аз он ки ноҳияи Сангвор барҳам зада ва мардумаш ба водии Вахш кӯчонда шуданд, хонаводаи Нурӣ дар совхози «Туркманистон» дар ноҳияи Вахш сокин шуданд.
Таҳсил
вироишМактаби миёнаи маълумоти ҳамагониро соли 1964 дар ноҳияи Вахш хатм кардааст. Аз падараш ва бархе аз уламо, аз ҷумла муддарисон ва донишмандони маъруф Сиёмиддин Наҷмиддинов ва Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷон маъруф ба Ҳиндустонӣ, улуми исломиро, аз ҷумла «Сарфу наҳви арабӣ», «Маонӣ», «Мантиқ», «Фиқҳ», «Усули Фиқҳ», «Шарҳи ақида», «Таърихи Ислом», «Ҳадис» ва «Тафсири Қуръон», фаро гирифта аст.
Ҳамзамон дар муассисаи байниноҳиявии баҳисобгирии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа давраи муҳандисиро хатм карда сипас то миёнаҳои соли 1986 дар идораи мазкур инженер-геодезист буда аст.
Фаъолияти корӣ
вироишФаъолияти кориро соли 1967 пас аз хатми курсҳои муҳандисии назди Бюрои байнихоҷагии баҳисобгирии техникии шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз карда, дар муассисаи мазкур ба ҳайси муҳандиси геодезӣ то соли 1986 фаъолият намудааст.
Фаъолияти сиёсӣ
вироишМоҳи июни соли 1986 мақомоти амниятӣ Нуриро бо иттиҳоми «паҳн кардани хабарҳои бардурӯғе, ки сохти ҷамъиятиву давлатии сотсиалистиро бадном мекунанд» ба ҳабс гирифта ва моҳи феврали соли 1987 бо ҳукми Додгоҳи вилояти Қӯрғонтеппа аз рӯи моддаи 203 Кодекси Ҷиноии ҶШС Тоҷикистон барои якуним сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Мӯҳлати ҷазоро дар маҳбасҳои Сибир ва Шарқи Дур сипарӣ намудааст.
Солҳои 1989-92 сармуҳаррири рӯзномаи «Минбари Ислом» — органи чопии Идораи расмии Мусалмонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар айни замон роҳбари ғайрирасмии ҲНИТ буд.
Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба Афғонистон ҳиҷрат карда (1993), дар он ҷо Ҷунбиши наҳзати исломии Тоҷикистонро таъсис дод.
Нурӣ ва оштии тоҷикон
вироишБо мақсади ҳар чӣ зудтар расидан ба тавофуқи ниҳоӣ 7 бор дар хориҷ аз ҷумҳурӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва суҳбатҳо намуд. Мулоқоту суҳбатҳои мазкур дар муваффақона анҷом ёфтани раванди музокироти сулҳи миёни тоҷикон (апрели 1994 — июни 1997) нақши ҳалкунанда доштанд. Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ, таҳким бахшидани ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии халқи тоҷик саҳми бузург гузоштааст.
Нурӣ аз июли соли 1997 то 31 марти соли 2000 Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ буд. Аз сентябри соли 1999 то даргузашташ Раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон буд.
Даргузашт
вироишСайид Абдуллоҳ Нурӣ 9 августи 2006 аз бемории саратон дар Душанбе даргузашт. Мазораш дар гӯристони Сари Осиё наздики Масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ аст.
Осор
вироишСайид Абдуллоҳи Нурӣ муаллифи чандин асари илмӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву фалсафӣ, аз ҷумла"Дар он сӯи сиёсат" (2001), «Имрӯзу фардои Тоҷикистон» (2000), «Назаре ба ҳуқуқи башар аз дидгоҳи Ислом» (2001), «Оштинома» (2001), «Истиқлол чӣ мафҳум дорад?» (2001) аст.
Ҷоизаҳо
вироишБарои хидматҳои арзанда барои татбиқи нуктаҳои шартномаи истиқрори Сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо ордени «Исмоили Сомонӣ» (2000) сарфароз гардида аст.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 27. Рӯзгор (8 марти 2011). 19 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
- Султони Ҳамад. Собиқ Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ Сайид Абдуллоҳи Нурӣ 70-сола шуд. Рӯзгор (15 марти 2017). 20 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 июни 2017.
Сарчашма
вироиш- Донишномаи Душанбе. — Душанбе: СИЭМТ, 2016, — С. 481. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.