Ҳизби демократи Тоҷикистон


Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон.

Ҳизби демократи Тоҷикистон
Пешво: Шаҳбози Аброр
Санаи асосгузорӣ: 1990
Қароргоҳ: Душанбе Тоҷикистон
Маром: liberal conservatism[d], social conservatism[d], секулорисм ва анти-коммунизм

Ҳизби демократи Тоҷикистон, дар натиҷаи якҷояшавӣ бо Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистоназ ҷониби Вазорати адлияи ҶТ ба расмият шинохта шудааст[1].

Таърих

Маҳмадрӯзӣ Искандаров аввалин роҳбари ҳизб мебошад, ки соли 1990 таъсис ёфтааст. Ҷумъабой Ниёзов аз бунёдгузорони ҳизби демократӣ маҳсуб меёбад, ки дар Анҷумани таъсисӣ дар соли 1990 муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид ва дар солҳои 1995 – 1999 вазифаи раисиро бар уҳда дошт. Ҳамзамон аз он вақт то охири соли 2007 сарварии ин ҳизб дар вилояти Суғд буд[2].

Саъидҷаъфар Усмонов соли 2006 ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси ҳизб интихоб шуд. Дар таърихи 17 сентябр дар анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон ба унвони номзад ба мақоми президентӣ муаррифӣ шуд[3]. Саъидҷаъфар Усмонов дар Интихоботи президентии Тоҷикистон, 2013 ҳамчун номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон иштирок кардааст.

Саидҷаъфар Усмонзода ягона вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI буд.[4]

Шаҳбози Аброр раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократи Тоҷикистон 10 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар ҷараёни он, фаъолияти раҳбари, инак, собиқи ҲДТ Саидҷаъфар Усмонзода, ки ҳамзамон ягона вакили парлумон аз ин ҳизб аст, “ғайриқаноатбахш” баҳогузорӣ шуд. Саидҷаъфар Усмонзода, ки дар ин анҷумани ғайринавбатӣ иштирок накард, аз курсии раиси ҳизб барканор шуд. Ӯ анҷуман ва қарорҳои онро ғайриоинномавӣ номид. Вазорати адлияи Тоҷикистон пас аз омӯзиш қарорҳои дахлдори Анҷумани ғайринавбатии XVIII Ҳизби демократи Тоҷикистонро тасдиқ ва нусхаи санади расмии бақайдгирии ҳизби сиёсиро ба номи раиси тозаинтихоби ҳизб Шаҳбози Аброр ба Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон ирсол кардааст. Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст[5].

14 июни соли 2024 ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Мутобиқати пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба маҳрум намудани дахлнопазирии вакил С. Усмонзода ва асосҳои пешниҳоди мазкурро таъкид карданд ва қабули қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ин масъала ҷонибдорӣ намуданд. Собиқ раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум гардида, ба ҳабс гирифта шуд.[6].

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби демократи Тоҷикистон

12 феврали соли 2025 Бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи моддаҳои 12 ва 35 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои номзадҳо рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд. Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон

Рӯйхати номзадҳо аз Ҳизби демократи Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати 3 нафар ба қайд гирифта шуд:

  1. Шаҳбози Аброр , таваллудаш соли 1990, директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази дӯстӣ – Интернет – кафе» – и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сокини шаҳри Душанбе.
  2. Мирзоева Зуҳро Акобировна, таваллудаш соли 1950, нафақагир, сокини шаҳри Душанбе.
  3. Сайҷаҳфаров Илёс, таваллудаш соли 1952, омӯзгори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, сокини ноҳияи Рашт.[7]

ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025.

Дар асоси рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар КМИР пешниҳод ва тасдиқ гардида буд, шахсони зерин вориди порлумони нав - Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум шудаанд:

Вакилони Ҳизби демократи Тоҷикистон:

  1. Шаҳбози Аброр, Раиси ҳизб.[8]

Эзоҳ

  1. Музокироти демукротҳо "бенатиҷа анҷом ёфт" BBC Тоҷикӣ 23 Сентябр соли 2009
  2. Даргузашти Ҷумъабой Ниёзов, муовини Маҳмадрӯзӣ Искандаров 10.01.2009 Озодӣ
  3. C. Исмонов: "Як писари ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳад" (Радиои Озодӣ)
  4. Усмонзода Саидҷаъфар Усмон(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2020.
  5. Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст (tj). asiaplustj(пайванди дастнорас — таърих) (24 Декабри 2024). 20 Январ 2025 санҷида шуд.
  6. Вакили Маҷлиси намояндагон Саидҷаъфар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум гардида, ба ҳабс гирифта шуд (tj). khovar.tj (14 июни 2024). 14 май 2025 санҷида шуд.
  7. ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Рӯйхати номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ ба қайд гирифта шуд(тоҷ.). www. khovar.tj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.
  8. НОМ БА НОМ. Кӣ ва аз кадом ҳизбу ҳавза вакили парлумон интихоб шуд?(тоҷ.). www.asiaplustj. 15 феврали 2025 санҷида шуд.