Ҳизби демократи Тоҷикистон
Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) — ҳизби сиёсии расмӣ дар Тоҷикистон.
Ҳизби демократи Тоҷикистон | |
---|---|
Пешво: | Саидҷаъфар Усмонзода |
Санаи асосгузорӣ: | 1990 |
Қароргоҳ: | |
Маром: | liberal conservatism[d], social conservatism[d], секулорисм ва анти-коммунизм |
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки дар натиҷаи якҷояшавӣ бо Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон бо сарварии раиси ҲВТ Ҳикматуллоҳ Саидиён аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ ба расмият шинохта шудааст[1].
Таърих
вироишҶумъабой Ниёзов аз бунёдгузорони ҳизби демократӣ маҳсуб меёбад, ки дар Анҷумани таъсисӣ дар соли 1990 муовини раиси ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид ва дар солҳои 1995 – 1999 вазифаи раисиро бар уҳда дошт. Ҳамзамон аз он вақт то охири соли 2007 сарварии ин ҳизб дар вилояти Суғд буд[2].
Саъидҷаъфар Исмонов соли 2006 ба Ҳизби демократи Тоҷикистон пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси ҳизб интихоб шуд. Дар таърихи 17 сентябр дар анҷумани ҳизби демократи Тоҷикистон ба унвони номзад ба мақоми президентӣ муаррифӣ шуд[3]. Саъидҷаъфар Исмонов дар Интихоботи президентии Тоҷикистон, 2013 ҳамчун номзади Ҳизби демократи Тоҷикистон иштирок кардааст. Раиси Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон, Саидиён Ҳикматуллоҳ бо изҳороте барои пайвастан ба ҲДТ огаҳӣ дод ва ниҳоят бо қарори Шӯрои Олии ҲДТ Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон рӯзи 24.04.2015 бо шумули зиёда аз 5000 (панҷ ҳазор) аъзо ба ҲДТ пайваст. ҲДТ соли 2015 тахминан 15 ҳазор аъзо дошт. Саидиён Ҳикматуллоҳ аз феврали 1990 узви Ҳизби демократи Тоҷикистон ва ба симати муовини ҲДТ низ интихоб гардида буд. Айни замон Ҳизби Ваҳдати Тоҷикистон ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ ба расмият шинохта нашудааст.
Узвият дар парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон
вироишРаиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ягона вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V ва даъвати VI мебошад.[4]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Музокироти демукротҳо "бенатиҷа анҷом ёфт" BBC Тоҷикӣ 23 Сентябр соли 2009
- ↑ Даргузашти Ҷумъабой Ниёзов, муовини Маҳмадрӯзӣ Искандаров 10.01.2009 Озодӣ
- ↑ C. Исмонов: "Як писари ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз медиҳад" (Радиои Озодӣ)
- ↑ Усмонзода Саидҷаъфар Усмон(тоҷ.). www.parlament.tj. 20 марти 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 марти 2020.
Сарчашма
вироишИн мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |