Ҳизби сотсиал-демократии Олмон


Ҳизби сотсиал-демократии Олмон (SPD олмонӣ: Sozialdemokratische Partei Deutschlands, SPD) — яке аз ду ҳизби бузургтарини Олмони муосир (ҶФО) мебошад, ки 23 майи 1863 аз ҷониби Фердинанд Лассал ҳамчун Иттиҳодияи умумии коргарони Олмон (AGRS) дар Империяи Олмон таъсис ёфтааст.

Ҳизби сотсиал-демократии Олмон
Пешво: Saskia Esken[d][1] ва Lars Klingbeil[d][2]
Санаи асосгузорӣ: 23 май 1863
Маром: social democracy[d], anti-fascism[d], pro-Europeanism[d] ва Atlanticism[d]
Сайт: spd.de(олмонӣ)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дар соли 1875, VGRS бо Ҳизби меҳнатии сотсиал-демократӣ (SDLP), ки соли 1869 аз ҷониби Вилҳелм Либкнехт ва Август Бебел таъсис дода шудааст, муттаҳид шуд. Солҳои 1878-1890 (Империяи Олмон) ва 1933-1945 (Олмони фошистӣ) дар вилоятҳо ҳизби сотсиал-демократӣ ғайриқонунӣ амал мекард. Он номи муосири худро дар соли 1890 пас аз лағви қонуни истисноии Олмон алайҳи сотсиалистҳо гирифт.

  • Шумораи аъзои ҳизб: 404,305 (2020)
  • Маблағгузории давлатии ҳизб: 48.648.864,36 (аз 31 декабри соли 2014).
  • Суроғаи почта: Вилҳелмштрассе, хонаи рақами 141 (Willi-Brandt-Haus), Берлин, 10963 ( Willy-Brandt-Haus, Wilhelmstraße 141, 10963 Berlin).