Ҳикматулло Кароматов
Ҳикматулло Кароматов (Кароматов Ҳикматулло Иноятуллоевич; тав. 20 марти 1970, ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон) — устоди варзиши сабки кёкушинкай каратэ, дорандаи камарбанди сиёҳ дани 5, сармураббии тими миллии кёкушинкай каратэ-дои Тоҷикистон, довари дараҷаи байналмилалӣ, мураббии дараҷаи олӣ (2012). Яке аз бунёдгузрони мактаби Кёкушинкан каратэ ва Кендо дар Тоҷикистон. Аз соли 2005 Раиси Федератсияи Кёкушинкан каратэ-дои Тоҷикистон[1].
Ҳикматулло Кароматов | |
---|---|
Кароматов Ҳикматулло Иноятуллоевич | |
| |
Санаи таваллуд: | 20 март 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Мактаб: |
Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1994) Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов (2015) |
Сабк: | Кёкушин |
Дараҷаи устодӣ: | дани 5 |
Унвонҳо: | Раиси Федератсияи Кёкушинкан каратэ-дои Тоҷикистон |
Комёбиҳо | |
бунёдгузрони мактаби Кёкушинкан каратэ ва Кендо дар Тоҷикистон дорандаи камарбанди сиёҳ дани 5 |
Зиндагинома
вироишДар наврасӣ ба бокс шуғл дошт. Сипас, таҳти ҳидоятҳои муррабии шинохташуда Исмат Абдуллоев фунуни самборо фаро гирифт. Солҳои 80 садаи XX дар Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ тамоюли густардаи гаравиши ҷавонон ба ҳунарҳои размӣ, ба вижа ба каратэ оғоз шуд. Ҳикматуллоро беш аз ҳама намуди кёкушинкай ҷалб кард ва ӯ назди мураббии машҳури каратэ — Василий Храмов ба тамрини ин намуди варзиш пардохт. Баъди марги тасоддуфии устозаш (1995) тамринро дар назди мураббиёни эронӣ шиҳон Рӯшонӣ ва шиҳон Ашурӣ дар Теҳрон ва Машҳад идома дод. Дар Қазоқистон дар назди Президенти Созмони Ҷаҳонии Киёкушин (IKO), дорандаи камарбанди сиёҳ, дани 9 Ҳатсуо Рояма, (шогирди аршади сусой Масутасу Ояма) дарси маҳорат омӯхт ва ба дарёфти дани 3 ноил гардид. Соли 2013 дар Ҷопон дар назди беҳтарин устодони ин намуди варзиш аз озмоиш гузашт ва соҳиби дани 4 шуд. Моҳи июни соли 2018 дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба дарёфти унвони шиҳон ва дани 5 ноил гардид. Дорои унвонҳои гуногуни қаҳрамонӣ аст.
Сенсей Ҳикматулло Кароматов мураббигии худро ба сурати ҳирфаӣ аз соли 1993 оғоз кард. Дар ин муддат шогирдони зиёдро тарбият кардааст, ки ҳар кадоми онҳо низ дорои унвонҳои гуногуни қаҳрамонӣ дар сутуҳи мухталиф мебошанд.
Фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (факултети филология) ва ҳамчунин факултаи якҳарбаҳои шарқии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мебошад.
Ҷоизаҳо
вироишБо ордени «20-солагии Истиқлол» сарфароз шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Кароматов: Бештар ба ахлоқи шогирдон аҳамият медиҳем(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 20 марти 2018 санҷида шуд.