Ҳипотиё
Ҳипотиёи Искандарӣ (юн.-қад. Ὑπᾰτία ἡ Ἀλεξάνδρεῖα; тақрибан 360, Искандария, фармондеҳии пройтурии Шарқ[d] — марти 415, Искандария, фармондеҳии пройтурии Шарқ[d]) — риёзидон, ахтаршинос ва файласуфи давраи эллинизми сонӣ.
юн.-қад. Ὑπᾰτία | |
Таърихи таваллуд | тақрибан 360 |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | марти 415 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ахтаршиносӣ, риёзиёт, механика ва фалсафа |
Шогирдон | Synesius of Cyrene[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишПайрави Ямблих ва роҳбари мактаби навафлотуния. Ҳипотиё зери роҳбарии падараш Теони Искандарӣ, ки аз ҷумлаи олимони Мактаби Искандария буд, илм омӯхтааст. Тибқи маълумот тафсири китоби севвуми Батлимус «Алмагест»-ро Теони Искандарӣ ҳамроҳи Ҳипотиё навиштааст. Инчунин тафсири «Арифметика»-и Диофант ва «Буришҳои махрутӣ»-и Аполлонийро ба қалами Ҳипотиё мансуб медонанд. Лексияҳои Ҳипотиё доир ба фалсафа ва риёзиёт хеле маъмул буданд. Маълумоте мавҷуданд, ки устурлоб, ареометр, планисфераро Ҳипотиё кашф кардааст. Ҳипотиё дар корҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии шаҳр иштирок карда, зани хеле маъруфи замонааш гашта буд. Соли 415 бо иғвои усқуфи аъзам Кирилл ҳангоми исён аз тарафи роҳибон ва исавиёни мутаассиб кушта шудааст. Номи Ҳипотиё ба харитаи Моҳ дохил шуда, астероиди азиме (238), ки соли 1884 кашф гардидааст, ба номи ӯ гузошта шудааст.
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гипатия / М. Хоҷабекова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.