Ҳишмати Бадахшонӣ
Мирмуҳташам Алихон Ҳишмати Бадахшонӣ (форсӣ: محتشمعلیخان حشمت بدخشانی; Бадахшон — 1748 ё 1750) — шоири порсигӯи Ҳинд[1].
Зодгоҳ: | |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1748 ё 1750 |
Шаҳрвандӣ (табаият): |
Зиндагинома
вироишЯке аз ниёгонаш, ки аз содоти Бадахшон буд, дар Ҳиндустон иқомат гузид ва Мирбоқӣ, падари шоир, мулозими Муҳаммадёрхон, соҳиби дорулхилофаи Шоҳҷаҳонобод ва хонаводаи Аврангзеб Оламгир шуд.
Мирмуҳташам дар Шоҳҷаҳонобод зода шуд ва дар ҳамон шаҳр парвариш ёфт ва дар шумори фуҳалаҳои асри хеш даромад. Ӯ аз дӯсти Навоб Наҷмуддавла Исҳоқхони Баҳодур, аз ҳокимони маҳаллии Ҳинд, баҳраманд шуд ва таҳти ҳимояти вай мезист.
Ҳишмат ба иқтифои ашъори Абдурризо Матин ва Сироҷуддин Алихони Орзу, шоирони муосири худ, шеър месуруд, ва Алиқулихон Волаи Доғистонӣ, шоири эронии муқими Ҳинд, ба шеъре аз ӯ, ки таъризе дар ҳаққи эрониёни муқими Ҳинд дошта, посух гуфтааст. Ҳишмат илова бар шоирӣ, сипоҳии беназири низ будааст.
Тазкиранависон ӯро ба сифоти чун ширинзабонӣ ва хушсуҳбатӣ ва сифатҳои чун ҳусни хулқ ва доштани табъи олӣ сутудаанд. Аз ӯ девони наздик ба 7000 байт барҷо мондааст, ки дар рӯзгори ҳаёташ, Сироҷуддин Алихони Орзу, муаллифи «Маҷмаъу-л-нафоис», онро тасҳеҳ карда буд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ حشمت بدخشانی. دایره المعارف بزرگ اسلامی.