Ҳоким Холиқзода
Ҳоким Ҳикматулло Холиқзода (Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич Холиқов; 27 июли 1973, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ) — муҳосиб, менеҷер, номзади илмҳои иқтисодӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VI. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ( аз с. 2024)[1]
аз 16 январ 2024 | |
Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | дараҷаи II, Нишони фахрии аълочии молияи ҶТ, Нишони сарисинагии Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишҲоким Ҳикматулло Холиқзода 27 июли соли 1973 дар ноҳияи Колхозобод таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1990 мактаби миёнаи № 51 — и ноҳияи Ҷ. Румиро хатм намудааст. Соли 1994 техникуми молиявӣ — иқтисодии шаҳри Душанберо бо ихтисоси муҳосиб, соли 2004 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ — менеҷер, соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз, ҳамвора соли 2014 Академияи хидмати давлатии назди Презтденти Федератсияи Русияро бо ихтисоси идоракунии кормандон хатм намудааст.
Корнома
вироишФаъолияти кориашро соли 1995 дар муассисаи хуроки умумии ноҳияи Фрунзеи ш. Душанбе ба ҳайси муҳосиби дараҷаи 2 оғоз намуда, соли 1996 ҳамчун муҳосиб дар итиҳодияи истеҳсолии ба номи «Зайнаббибӣ» — и шаҳри Душанбе, солҳои 1996—1998 ба ҳайси иқтисодчии калони шуъбаи қарзии «Тори — бонк» дар ш. Душанбе кор кардааст. Фаъолияти кориашро дар Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» аз соли 1998 шурӯъ намуда, дар вазифаҳои хазинадор, муҳосиб оид ба хидматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, муовини сармуҳосиби Идораи амалиётӣ кор кардааст. Соли 2005 ба вазифаи сардори Идораи амалиётии Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» ва соли 2009 ба вазифаи Директори Департаменти хазинадории Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» таъйин гардида буд. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, аъзои Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» таъйин гардид.
- Солҳои 2015 - 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати панҷум);
- Аз 1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати шашум);
- 17 марти соли 2020 дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид;
- Аз 20.06.2020 то 20.11.2020 Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
- Аз ноябри соли 2020 то 16 январи соли 2024 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
- Аз 16 январи соли 2024 дар мансаби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.[1]
- Аъзои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
- Оиладор, соҳиби 4 фарзанд
Мукофот ва ҷоизаҳо
вироиш- Ордени Шараф дараҷаи II,
- Нишони фахрии аълочии молияи ҶТ,
- Нишони сарисинагии Аълочии Бонки миллии Тоҷикистон
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло(тоҷ.). www.president.tj. 18 май 2024 санҷида шуд.