Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ

(Тағйири масир аз Ноҳияи Колхозобод)
Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ
Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Хатлон
Марказ: шаҳраки Балх
Замони таъсис : 21 марти соли 1933
Раиси ноҳия: Холмурод Раҳмон (аз 2023)[1]
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 905,02 км²
Шумораи шаҳракҳо : 2
Шумораи ҷамоатҳо : 8
Мардум
Аҳолӣ (2022) : 210,5 ҳаз. кас[2]
Зичии аҳолӣ (2016) : 202,2 кас/км²
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ,
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : KO
ISO-намоя : TJ.KL.KO
Пешшумора : +992 3247
Нишонии почта : 735200
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ (форсӣ: شهرستان جلال الدین بلخی‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Балх (форсӣ: بلخ‎) аст, ки 32 км ҷанубтар аз шаҳри Бохтар, дар доманакӯҳ ва канораи рӯди Қумсангир ҷой дорад. Аз ин шаҳрак то Душанбе 132 км роҳ аст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 2 феврали соли 2016 ва қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон № 204 аз 3 марти соли 2016 номи ноҳия Ҷалолиддин Балхӣ шуд[3].

Ҷойгоҳ

вироиш

Ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ дар Водии Вахш ҷой дошта, аз шимол бо ноҳияҳои Кӯшониён ва Вахш, аз шарқ бо ноҳияи Фархор, аз ғарб бо ноҳияи Дӯстӣ ва аз ҷануб бо Ҷайҳун ва Панҷ ҳаммарз аст.

Таърих

вироиш

Ин ноҳия 21 марти соли 1933 дар бахше аз вилояти Қурғонтеппа дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст ва нахуст ноҳияи Вахш ном дошт.

Роҳномаҳо ва ҷаҳоннамоҳои арабизабон ва порсизабони садаҳои миёна номи ин ноҳияро Ҳаловард (форсӣ: هلاورد‎) ёд кардаанд.

Ҳаловард дар замони Сомониён яке аз ду шаҳри калони Вахшонзамин буда ва арку шаҳристону рабаз дошт ва калонтар аз Ҳулбук будааст. Бино бар навиштаи «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб», «Ҳаловард қасабаи Вахш аст, шаҳрест бо кишту барзу рустоҳои бисёр ва мардумони тирандозу ҷангӣ»[4]. Шаҳри Ҳаловардро Истахрӣ дар «Масолик вал-мамолик», Муқаддасӣ дар «Аҳсан ат-тақосим фӣ марифат ал-ақолим», ибни Ҳавқал дар «Сурат ул-арз», Ёқути Ҳамавӣ дар «Мӯъҷам ул-булдон» ва Абурайҳон Берунӣ низ дар осораш ёд кардаанд.

Бино бар бозёфтҳои бостоншиносӣ, шаҳри Ҳаловард дар замони Кушониён падид омада[5] ва дар садаҳои миёна маркази Вахшонзамин будааст. Ин шаҳр дар соли 750 милодӣ ба дасти арабҳо вайрон шуда[6] ва бостоншиносон харобаҳои онро дар канораи ғарбии шаҳраки Колхозобод ёфтаанд, ки 12 га масоҳат дорад ва имрӯз онро Кофирқалъа мехонанд[7]. Сипас маркази Вахшонзамин ба шаҳраке кӯчонда шуд ки 12 километр шимолу ғарбтар аз харобаҳои Кофирқалъа дар канораи рӯди Вахш ҷой дошт. Дар садаҳои миёна ин шаҳр низ Ҳаловард ном доштааст ва харобаҳои он ҳамакнун ба номи «Золи Зар» наздики деҳаи Узун, дар канораи чапи рӯди Вахш, 12 км дуртар аз Колхозобод ва 23 км дуртар аз Қӯрғонтеппа бар ҷоянд[8].

Бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳанд, ки деҳа дар ҷои харобаҳои кунунии Золи Зар дар садаҳои III—IV милодӣ бунёд ёфтааст[9]. Пас аз истилои араб ва вайрон шудани Ҳаловарди якум, ин деҳа дар асрҳои X—XIII шаҳри калоне гардида[10] ва то ҳамлаи муғул маркази Вахшонзамин будааст, аммо дар соли 1221 аз дасти чингизиён нобуд шудааст[11].

Пас аз садсолаҳо вайронӣ ин сарзамин кам-кам обод шуд ва дар торихномаҳо дар соли 1884 аз рустое ёд мекунанд ки Туғаланг ном дошта ва бахше аз бекнишинии Қурғонтеппа дар Аморати Бухоро будааст. Дар соли 1919 ин русто 1400 буна хонавор дошта ва мардумаш кишоварзу чорводор будаанд. 21 марти 1933 рустои Туғаланг маркази идории ноҳияи Вахш ва яке аз марокизи ободонии водии Вахш гардид. 20 декабри соли 1934 Туғалангро ба ёди Лазар Каганович, яке аз раҳбарони яҳудитабори шуравӣ, Кагановичобод ва ноҳияи Вахшро ноҳияи Кагановичобод номиданд.

11 июни соли 1954 Кагановичобод расман шаҳрак (русӣ: Посёлок городского типа) эълом шуд. 3 июли соли 1957 шаҳраки Кагановичобод ба ёди ободгарони водии Вахш, ки аз шимоли Тоҷикистон кӯчонда шуда ва нахустин колхозҳоро дар водии Вахш ташкил карда буданд, Колхозобод номида шуд ва ноҳия низ ҳамномаш Колхозобод гардид.

10 январи 1991 ин шаҳракро ба ёди Сироҷиддин Исоев — Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ, яке аз ободгарони водии Вахш ки 28 сол раиси ин ноҳия буд, «шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев» номиданд[12].

Ноҳияи Колхозобод 19 июли соли 2007 бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ номида шуд, ҳарчанд рӯшанфикрони хатлонӣ аз масъулини ноҳия хоста буданд, ки номи торихии шаҳраку ноҳия — Ҳаловард бар ноҳия гузошта шавад[13]. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 2 феврали соли 2016 ва қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон № 204 аз 3 марти соли 2016 ба номгузории ноҳия тағйирот дароварда шуда, номи Ҷалолиддин Балхӣ гузошта шудааст[3].

21 марти соли 2022 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мақбараи Ҷалолиддини Балхиро дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифтитоҳ намуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оромгоҳи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ як каф хок аз дахмаи асосии шоир аз шаҳри Қунияи Туркия, ба марқади Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оварда шуд ва тибқи муқаррароти дини мубини ислом бо риояи аркони суннатии мо ба оромгоҳи Ӯ гузошта шуд, ки минбаъд ихлосмандон ва ҳаводорони ашъори пурғановати Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ метавонанд онро зиёрат намоянд. Пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балххӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи «Мақбараи Ҷалолиддини Балхӣ», «Хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд. Масоҳати Хона-музей 1000 метри мураббаъ ва баландии он 3,5 метр.[14].

Решашиносии ном

вироиш

Ҳаловард ҷойномест балхӣ ки аз ду вожа дар забони эронии бостон сохта шудааст: هلاورد [halāward] > *υαλοοαρδ > *hadā-varta- ‘[сохташуда] аз санг’: *hadā- ‘аз’ + *varta- ‘санг’[15].

Мардум

вироиш

Мардуми ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ 181,9 ҳаз. тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолиаш 202,1 кас/км² буд[16].

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
206,2 210,5

Бахшбандӣ

вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ 1 шаҳрак ва 8 ҷамоат[17]. : дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ[18]
Ҷамоат Аҳолӣ
Балх, шаҳрак 19800
Исоев 20491
Гулистон 10205
Калинин 12377
Маданият 11297
Навобод 14446
Ҳалевард 20491
Золи Зар 16428
Навоӣ 19069

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод

вироиш

Дар ноҳия 33 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд, ки дар соли 2022 ба маблағи 252 миллиону 769 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 53 миллиону 792 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар ноҳия (соли 2022) 341 ҳазору 722 тонна семент, 2343,3 тонна маҳсулоти нонпазӣ, 608,4 ҳазор дона блокҳои сементӣ, 2633,7 тонна нахи пахта, 5917,5 тонна орд истеҳсол карда шуд[19].

Омӯзишу парвариш

вироиш

Ниҳодҳои фарҳангӣ

вироиш

Беҳдошту беҳзистӣ

вироиш

Сарчашма

вироиш

форсӣ:

  • «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). — Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м.
  • Баҳор Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Эрон (пораи нахуст ва дувум): — Теҳрон: Огоҳ, 1376 ҳ.ш. = 1997 м чопи дувум.

русӣ:

  • Рашид ад-Дин. Сборник летописей, в трех томах. Перевод с персидского Л. А. Хетагурова, О. И. Смирновой, Ю. П. Верховского и А. К. Арендса.—М.—Л.: Изд-во АН СССР, 1946—1952 г. — т. 1 ч. 2.
  • Беленицкий А. М. Отчет о работе Вахшского отряда в 1947 г. Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции, т. 1. — М. — Л., 1950. — с. 140—146.
  • Литвинский Б. А. Археологическое изучение Таджикистана советской наукой. — Сталинабад: Издательство АН Таджикской ССР, 1954. — 81 с.
  • Соловьев В. С. Работы Колхозабадского отряда. Археологические открытия 1981 года. — М., 1983. — с. 491—492.
  • Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине. Археологические работы в Таджикистане, вып. 18. — Душанбе, 1984.
  • Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с., саҳ. 156.
  • Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20.—Душанбе, 1987.
  • Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимии / Диссертация на соискание ученой степени кандидата филологических наук. Научный руководитель В. А. Лившиц. СПб., 2004. — 306 с. — саҳ. 200

англисӣ:

  • Kent R.G. Old Persian. Grammar. Texts. Lexicon. New Haven, 1953.
  • Boyce M. A Word-list of Manichean Middle Persian and Parthian. Tehran-Liège, 1977. — p. 26

Пайвандҳо

вироиш
  1. Указы Президента Республики Таджикистан | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 11 Январ 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 Январ 2023.
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 21 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  3. 3.0 3.1 Переименование 10 городов и районов, а также Кайраккумского водохранилища
  4. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). — Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. — саҳ. 119
  5. Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с., саҳ. 156
  6. Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20.—Душанбе, 1987. — с. 172—178. саҳ. 178
  7. Соловьев В. С. Работы на Кафыркале в Вахшской долине в 1980 г. Археологические работы в Таджикистане вып. 20.—Душанбе, 1987. — с. 172—178. саҳ. 167
  8. Беленицкий А. М. Отчет о работе Вахшского отряда в 1947 г. Труды Согдийско-Таджикской археологической экспедиции, т. 1. —М. —Л., 1950. — с. 140—146. саҳ. 144; Литвинский В. А. Археологическое изучение Таджикистана советской наукой. — Сталинабад: Изд-во АН ТаджССР, 1954. — 81 с. саҳ. 38
  9. Древности Таджикистана. Каталог выставки. — Душанбе: Дониш, 1985. — 343 с. — саҳ. 284
  10. Соловьев В. С. Работы Колхозабадского отряда. Археологические открытия 1981 года. — М., 1983. — с. 491—492. саҳ. 491
  11. Рашид ад-Дин. Сборник летописей, в трех томах. Перевод с персидского Л. А. Хетагурова, О. И. Смирновой, Ю. П. Верховского и А. К. Арендса.—М.—Л.: Изд-во АН СССР, 1946—1952 г. — ҷ. 1 б. 2, саҳ. 207, 218
  12. Стратегия социально-экономического развития пгт им. Исоева Колхозабадского района. 20 май 2007 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 май 2007.
  13. Умед Ҷайҳонӣ: Ба номгузорӣ аз зовияи миллӣ бингарем. 14 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 марти 2016.
  14. www.khovar.tj. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мақбараи Ҷалолиддини Балхиро ифтитоҳ намуданд(тоҷ.) (21 марти 2021). 24 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2022.
  15. Лурье П. Б. Историко-лингвистический анализ согдийской топонимии / Диссертация на соискание ученой степени кандидата филологических наук. Научный руководитель В. А. Лившиц. СПб., 2004. — 306 с. — саҳ. 200
  16. Маҷмӯаи омории «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016». Агентии омори назди Президенти ҶТ.. 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  17. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
  18. нусхаи бойгонӣ. 20 Январ 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2012.
  19. В районе Джалолиддина Балхи появилось 6 новых предприятий | НИАТ "Ховар" (ru-RU). 16 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 феврали 2023.