Ҳомидҷон Обидович Орифоволим, номзади илмҳои геология (1990). Узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (аз соли 1988), котитиби Кумтаи миллии Комиссияи байналмилалии Олмон оид ба сарбандҳои Тоҷикистон – Taj COLD (аз с. 2005).

Ҳомидҷон Орифов
Ҳомидҷон Обидович Орифов
Таърихи таваллуд 16 апрел 1938(1938-04-16) (86 сол)
Зодгоҳ Самарқанд , ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ геофизика
Ҷойҳои кор Институти сохтмони ба зилзла тобовар ва зилзилашиносӣ АИ Тоҷикистон, Институти сохтмони ба зилзла тобовар ва зилзилашиносӣ АИ Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати ҶТ,
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Институти маъданшиносии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург)

Зиндагинома

вироиш

Ҳомидҷон Обидович Орифов факултети геофизикаи Институти маъданшиносии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург (ФР)-ро хатм кардааст (1971). Корманди Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва зилзилашиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1971-1975), мудир (1975-2000), сардори шуъбаи озмоишгоҳи тадқиқотии комплексии геофизика ва кофтукови Шуъбаи тадқиқоти илмии энергетикаи Тоҷикистон Академияи илмҳои Тоҷикистон (2000-2009). Ҷонишини директор оид ба корҳои илмии тароҳии пажӯҳишгоҳи “Нурофар” (2009), сардори шуъбаи захираҳои сӯзишворӣ ва радиоактивии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009-2010). Аз соли 2010 сардори Ширкати саҳҳомии кушодаи Холдингии «Барқи Тоҷик" буд. Муаллифи зиёда аз 100 асару мақолаҳои илмӣ доир ба зилзилашиносӣ, сохтмони сарбандҳои нерӯгоҳҳои барқии оби Тоҷикистон.[1]

  1. Аслҳо ва наслҳо. – Душанбе, 2013, – с. 100.