Ҳошим Содиқов
Ҳошим Содиқов (Содиқов Ҳошим Умарович; 4 июни 1911[1], Самарқанд — 1994) — физикдон, номзади илмҳои физика ва математика (1951), дотсент.
Содиқов Ҳошим Умарович | |
Комиссари маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон
|
|
1943 — 1947 | |
Пешгузашта | Ҳотам Солеҳбоев |
Ҷонишин | Ҳабибулло Неъматуллоев |
Таваллуд | 4 июн 1911 |
Даргузашт | 1994 |
Дараҷаи илмӣ | номзади илмҳои физика ва математика |
Фаъолияти илмӣ | |
Фазои илмӣ | физик |
Зиндагинома
вироишСоли 1931 факултети коргарии ш. Тошкентро хатм намуда, дар мактаби миёнаи ш. Самарқанд аз фанни физика ва математика дарс додааст. Солҳои 1932—1937 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии ш. Москва таҳсил намудааст. Якчанд солҳо дар шуъбаи шабонаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ҳамчун муаллим кор кардааст. Солҳои 1939—1940 дар вазифаи сардори шуъбаи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Вазорати маорифи ҶШС Тоҷикистон, 1940—1943 директори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1943—1947 Вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Солҳои 1948—1951 вазифаи директори Институти тадқиқотию илмии мактабҳоро ба уҳда дошт. Солҳои 1951—1954 мудири шуъбаи энергетикаи АИ ҶШС Тоҷикистон ва мудири кафедраи физикаи умумии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, 1954—1959 мудири кафедраи физикаи донишкадаи номбурда буд. Солҳои 1959—1968 ҳамчун декани факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ва муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ кор кардааст. Аз соли 1986 ба нафақа баромадааст. Муаллифи мақолаҳои зиёди илмӣ ва чанд дастуру китобҳои дарсӣ мебошад. Барои хидматҳояш сазовори унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон», ордени «Нишони фахрӣ» ва бисёр медалҳои ИҶШС гаштааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Медали тилои Расул Боқиев ва зодрӯзи Муаттара Ҷӯраева: 4 июн дар таърих(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (4 июни 2021). 26 Январ 2022 санҷида шуд.
Пайвандҳо
вироиш
Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |