Ҳотам Солеҳбоев (Солеҳбоев Ҳотам Ҳакимбоевич; 1910, Хуҷанд — 29 январи 1987, Душанбе) — ходими маъруфи давлатӣ ва ҷамъиятӣ.

Ҳотам Солеҳбоев
Солеҳбоев Ҳотам Ҳакимбоевич
1942 — 1943
Пешгузашта Тоҳир Пӯлодов
Ҷонишин Ҳошим Содиқов
Таваллуд 1910
Даргузашт 29 январ 1987(1987-01-29)
Ҷоизаҳо
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1931—1935 дар вазифаи директори Техникуми хоҷагии қишлоқ, 1935—1937 директори омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, 1937—1939 мудири қисми таълимии мактаби тиббӣ, 1939—1940 мудири маорифи вилояти Ленинобод, ҷонишини раиси Комиҷроияи шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ҳамин вилоят, 1940—1942 Раиси Госплани Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, 1942—1943 вазири маорифи Тоҷикистон, 1943—1945 ҷонишини Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон, 1947—1951 раиси Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Сталинобод, 1951—1953 вазири хоҷагии коммуналӣ кор кардааст. Солҳои 1953—1956 дар мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ таҳсил намуда, солҳои 1956—1957 раиси Комиҷроияи шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ш. Душанбе буд. Солҳои 1957—1961 вазифаи директори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко ро ба уҳда дошт. Якчанд сол дар вазифаи намояндаи доимии ҶШС Тоҷикистон дар назди Шӯрои Вазирони ИҶШС кор кардааст. Ӯ қобилияти баланди ташкилотчигӣ ва таҷрибаи калони кори роҳбарӣ дошт. Дар давраи роҳбарии ӯ дар донишкадаи омӯзгорӣ заминаи моддию таълимии донишкада хеле мустаҳкам шуд. Ӯ ба масъалаҳои таълиму тарбия диққати ҳамаҷониба медод. Дар ёддоштҳои хеш давраи ҳамчун директори Донишкадаи омӯзгории ш. Душанбе кор карданашро ба хотир оварда, чунин менависад: «Аз он вақте, ки ман аз ин коллективи шуҳратманд рафтам, солҳои зиёд гузаштанд. Вале ман он рӯзҳоро, ки бо одамони кушодарӯю хирадманд мегузаронидам, ҳеч фаромӯш карда наметавонам. Ман ин давраро дар ҳаёти худам давраи хушбахттарин мешуморам»[1]

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои хидматҳояш бо орденҳои «Ленин», «Байрақи Сурхи Меҳнат», «Нишони фахрӣ», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» дараҷаи 1, унвони фахрии «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои ИҶШС мукофотонида шудааст.

  1. Солеҳбоев Ҳ. Замон ва одамон. Ёддоштҳо, Д., 1976. — С. 224.

Пайвандҳо

вироиш