Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҳоҷимуҳаммад Умаров — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1987), профессор (1990).

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Таърихи таваллуд 26 октябр 1945(1945-10-26) (79 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Институти таҳқиқоти иқтисодии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, ИҶШС

Зиндагинома

вироиш

Соли 1967 факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намуда, муддате дар кафедраи иқтисоди сиёсӣ чун ассистент кор кардааст. Солҳои 1968—1969 котиби комитети комсомолии шаҳри Душанбе, 1970—1971 ходими хурди илмӣ, 1971—1974 аспирант, 1975—1976 ходими калони илмӣ, 1976—1977 мудири сектор, 1977—1992 мудири шуъбаи Институти иқтисоди Академияи илмҳои Тоҷикистон буд. Ҳамзамон солҳои 1977—1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз иқтисоди сиёсӣ дарс додааст. Солҳои 2001—2009 мудири шуъбаи Институти таҳқиқоти иқтисодии назди Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи зиёда аз 250 таълифот аст, ки масъалаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистонро фаро гирифтаанд. Ковиши илмиаш бобати қонуният ва хусусиятҳои муҳими инкишофи деҳот сазовори баҳои баланди мутахассисон гардидааст. Номрафта перомуни мушкилиҳои истифодаи оқилонаи захираҳои меҳнатӣ ва кам кардани бекорӣ андешаҳои ҷолиб баён намудааст. Таҳлилҳои амиқ, хулосабарориҳои коршиносонааш перомуни вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистону минтақа, тавсияҳояш бобати роҳҳои раҳоӣ аз мушкилоти мавҷудаи иқтисодӣ пайвас-та мавриди таваҷҷуҳи иқтисоддонҳо, ҷомеашиносон, сиёсатмадорон қарор мегиранд. Пажӯҳишаш ҳамчунин мавриди банақшагирии оила қобили қайд аст. Дар зиёда аз сӣ конфаронсу мизҳои мудаввари сатҳи ҷаҳонӣ ширкат кардаву гузориш додааст.

  • Сифати маҳсулот ва баланд гардидани дараҷаи некӯаҳволии халқ. — Д., 1976;
  • Тараққиёти соҳаи ғайриистеҳсолӣ дар деҳот. — Д., 1977;
  • Ҷиҳатҳои иқтисодии тарзи зиндагии сотсиалистӣ. — Д., 1978;
  • Системаи иқтисодии сотсиализми мутараққӣ. — Д., 1981;
  • Ба сӯи музаффариятҳои нав. — Д.,1983;
  • Роҳҳои татбиқи программаи озуқоварӣ. — Д., 1984;
  • Труд в условиях развитого социализма. — Д., 1984. (соавтор).
  • Ҷавонии деҳоти куҳан. — Д., 1986;
  • Ҳисоби пурраи хоҷагӣ ва худмабалағгузорӣ. — Д., 1988;
  • Полный хозрасчет и самофинансирование. — Д., 1988;
  • Хозяйственно-управленческие аспекты перестройки. — Д., 1988;
  • Тоҷикон дар асри ХХI. — Д., 1999 (ҳаммуаллиф);
  • Дар шоҳроҳи илм. — Д., 2005;
  • Денежно-кредитное проблемы развитие национальной экономике. — Д., 2005;
  • Внешня-ятрудоваямиграция в Таджикистане. — Д., 2006;
  • Сатҳи ҳақиқии истеъмол дар Тоҷикистон. — Д., 2008;
  • Бӯҳрон дар Тоҷикистон. — Д., 2010;
  • Мониторинги истифодаи меҳнати кӯдакон дар майдонҳои пахта. — Д., 2011 ва диг.[1]

Дар ВАО

вироиш

Ҳоҷимуҳаммад Умаров дар Васоити ахбори оммавӣ мунтазам доир ба мавзӯъҳои гуногуни вазъи иқтисодӣ ҳамчун коршинос шарҳи хешро рӯи кор меорад. Нигаред ба эзоҳм поварақ[2][3]

  1. Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 728 с.
  2. Как спасти сомони? - Х.Умаров. 4 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 марти 2016.
  3. Россия – Таджикистан: от интеграции мы больше получим, чем потеряем. 4 июни 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 марти 2017.