Ҳудуду-л-олам

(Тағйири масир аз Ҳудуд–ул–олам)

«Ҳудуду-л-ъолам» (ар. حدود العالم من المشرق الی المغرب‎ — Ҳудуди олам аз машриқ то мағриб) — китоби форсии ҷуғрофиё, мутааллиқ ба садаи 4 ҳ‍иҷрӣ (баробар бо 982 мелодӣ) аст, ки беш аз 5 қарн қабл аз Киристуф Кулумб, заминро куравӣ донистааст.

Ҳудуду-л-олам
Нависанда номаълум
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
Таърихи интишор 982

Таърих

вироиш

«Ҳудуд-ул-олам» 909 сол аз назар ниҳон шуд. Касе аз вуҷуд доштани он тасаввуроте ҳам надошт. Тасодуфан ва бо мадади Абдулфазили Гулпайгонӣ ном муллои зуфунуни Бухороӣ «Ҳудуд-ул-олам» ру зад. Баъди дарёфти китоб Абдулфази Гулпаймонӣ 5 октябри соли 1892 ба шарқшиноси Санкт-Петербург нома фиристонд. Аз дарёфти дасхати «Ҳудуд-ул-олам» хабар дод. Баҳори соли 1893 бо туфайли ҳамин нома шарқшинос А. Г. Туманский ба Бухоро омад. Абдулфазли Гулпайгонӣ дасхатро ба ӯ туҳфа кард. «Ҳудуд-ул-олам» ба шарқшинос хеле хуб омад. Ӯ ин китобро ба мислаш надида, нодир донист.

«Ҳудуду-л-олам», ки аз ҷумлаи машҳуртарин асарҳои ҷуғрофии дунёст, аз ҷониби муаллифи номаълуме таълиф шуда ва то ба имрӯз дар бораи ҳуввияти мусаннифаш дақиқан чизе гуфта нашудааст. Ҳамчуноне дар муқаддимаи ин китоб хоҳед хонд, профессор В. Ф. Минорский Ибни Фариқунро нигорандаи он медонад ва муҳаққиқон танҳо охири асри XIX дар бораи он огоҳ шуданд. Асар соли 372 ҳиҷрӣ (982—983) таълиф шудааст. Соли 1892 шарқшинос, тарҷумони ҳарбӣ, генерал-майори Артиши Императори рус Александр Туманский нусхаи аввали онро дар Бухоро пайдо кардааст ва аввалин хабари он ҳам Русия, дар рӯзномаи «Окраина» интишор ёфтааст. Ховаршинос Александр Туманский донандаи хуби забонҳои арабӣ, туркӣ ва форсӣ буда, солҳои 1891—1895 чун афсар дар Осиёи Марказӣ хидмат кардааст. Солҳои 1900—1905 сарконсул дар шаҳри Ванаи Туркияи усмонӣ будааст. Солҳои 1908—1909 бори дигар ба қаламрави форсҳо баргаштааст. Ин генерали рус, ки ба хубӣ ҳуруфи арабӣ медонист ва чуноне гуфтем бо забони форсӣ ошно буд, муддати се сол «Ҳудуд-ул-олам»-омӯхтааст ва дар яке аз ҷаласаҳои бахши шарқии Ҷамъияти бостоншиносони рус аз муҳтавои ин рисола маълумоти муфассал ироа кардааст ва ҳамин маърӯзаро бо такмилу таҳрир чоп ҳам кардааст. Аммо чун Туманский марди низомӣ буд, фурсати онро наёфт, ки асарро комил таҳия ва тарҷума кунад. Аз сӯйи дигар баъди инқилоби болшевикӣ вай чун генерали подшоҳӣ ногузир ба фирор аз Русия шуд. Вай ҳангоми фирораш асарро бо худ бурд ва соли 1920 дар синни 59-солагӣ вафот кард. Ҳамсараш дар Туркия мезист ва чун бо олим В. Ф. Минорский шиносоӣ дошт, бо дархости ӯ «Ҳудуд-ул-олам»-ро ба Порис ирсол мекунад. Метавон гуфт, ки Минорский дар ҳифзи ин асари гаронмоя хидмати бузург кард.

Пеш аз инқилоби октябр академик, ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ва шарқшинос А. Г. Туманский бахшида ба ин осори муҳим мақолаҳо интишор карда буданд. Вале «Ҳудуд-ул-олам» боз омад накард. Соли 1920 А. Г. Туманский фавтид. Дасхат ниҳон шуд. Баътар ҳамсари марҳум А. Г. Туманский, ки дар Стамбул (Туркия) истиқомат дошт, ба воситаи яке аз рӯзномаҳо ба сокини Франсия (Париж), шарқшинос Владимир Минорский хабар дода буд: «Ҳудуд-ул-олам» дар сандуқи ман аст. Сабаби бори дигар пайдо шудани «Ҳудуд-ул-олам» ҳамин хабар шуд. Пас «Ҳудуд-ул-олам» ба Париж гузашт ва онро Владимир Минорский ба Санкт-Петербург баргардонд.[1]


«Ҳудуд-ул-олам» асари ҷуғрофӣ мебошад. Дар вай шакл, ҷасомат, тақсимоти замин, баҳрҳо, дарёҳо ҷазираҳо, кӯҳҳо, биёбонҳо, қумистонҳо инъикос ёфтаанд. Дар «Ҳудуд-ул-олам» сухан андар шаҳру рустоҳои Осиёи Миёнаи қадим, Русия, Тибет, Хуросон, Араб, Рум, Шом, Судон, шаҳрҳои инҳо ва ғайра низ меравад.

Интишори китоб

вироиш

Соли 1930 академик В. В. Бартолд бо шеваи факсималӣ нашри комили «Ҳудуд-ул-олам»-ро анҷом дод. Ва ҳамзамон аввалин порчаҳоро аз ин асар бо забони русӣ низ тарҷума ва чоп кард. Солҳои 1935 дар Теҳрон, 1937 ба забони англисӣ дар Лондон бори дуввум интишор гардид. Олими шинохтаи эронӣ Манучеҳри Ситуда соли 1962 матни интиқодии онро дар Теҳрон ба чоп расонд. То ба ин нусхае, ки ҳоло мутолиа хоҳед кард, «Ҳудуд-ул-олам» дар Тоҷикистон ду маротиба чоп шуда буд. Нашри аввали он бо талоши Н. Қосимов ва сарсухани академик Аҳрор Мухторов соли 1983 интишор ёфт ва баъди 25 сол дар таҳияи Зариф Шариф он дубора баргардон ва чоп шуд. Вале дар ду нашр ҳам иштибоҳоти зиёди имлоиву услубӣ роҳ ёфта буданд ва асаре назири «Ҳудуд-ул-олам» ба чопи бенуқсу интиқодӣ ниёз дошт. Нашри тозаи он аз ҷониби Абдуҷамол Ҳасанов бо таҳрири муҳақиқи шинохта Қодири Рустам, зери назари академик Носирҷон Салимзода анҷом гирифт ва бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон дастраси хонандагон гардид.

Китоби «Ҳудуд-ул-олам» соли 2014 дар интишороти «Бухоро» дар ҳаҷми 415 саҳифа ба теъдоди маҳдуди 300 нусха ба табъ расидааст. «Ҳудуду-л-олам», бидуни шак дар радифи бузургтарин сарватҳои маънавии тоҷикон қарор дошта, дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дорад. Аз он дар тўли солиёни зиёд ҷуғрофияшиносон, муаррихон, бостоншиносон, ҳавосанҷон, маъданшиносон, забоншиносон ва дигарон истифода намудаанд.[1]

Донистаниҳо

вироиш
  1. 1.0 1.1 «Ҳудуду-л-олам» маъруфтарин асари ҷуғрофии олам. 8 марти 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 марти 2016.
  2. «Ҳудуд ул-олам мин ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 ҳиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). (Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда). — Теҳрон: Интишороти китобхонаи Таҳурӣ, 1362 ш. / 1983 м. — саҳ. 119
  3. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 62.