Ҳуриннисо Ализода (Ализода Ҳуриннисо Юсуфӣ; 4 марти 1957, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон) — рӯзноманигор, нависанда, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон. Барандаи ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ.

Ҳуриннисо Ализода
Номи пурра Ализода Ҳуриннисо Юсуфӣ
Таърихи таваллуд: 4 март 1957(1957-03-04) (67 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият:
Ҷоизаҳо:

Зиндагинома

вироиш

Ҳуриннисо Ализода 4 марти соли 1957 дар ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог ба итмом расонидааст.

Фаъолияти корӣ

вироиш

Баъди хатми донишгоҳ то соли 1986 ба сифати омӯзгори забони адабиёти тоҷик дар мактаби № 29-и ноҳияи Фархор кор кардааст.

Соли 1986 ба олами рӯзноманигорӣ пайваста, дар рӯзномаи вилоятии «Роҳи Ленинӣ» ҳамчун мухбир ба кор ҷалб мешавад. Аз соли 1988 дар ноҳияи Москва ба сифати диктори радиои ноҳиявӣ, муаллимаи забони форсии мактаби № 54, мудири шуъбаи САҲШ-и ҳамин ноҳия фаъолият дошт[1].

Солҳои 1991—1995 дар рӯзномаи «Хақиқати Ховалинг» ба ҳайси мудири шуъбаи сиёсӣ кор кардааст. Аз моҳи декабри соли 1995 ба сифати мухбири ғайриштатии рӯзномаи «Ҷумҳурият» фаъолият намуда, аз соли 1997 то моҳи майи соли 2006 дар рӯзномаи «Садои мардум» мухбир ва баъдтар муҳаррири шуъбаи «Парламент ва ҳокимияти давлатӣ» буд.

Моҳи майи соли 2006 ба вазифаи муҳаррири шуъбаи таҳлил ва таҳқиқоти журналистии рӯзномаи «Ҷумҳурият» даъват шуд. Аз моҳи сентябри соли 2006 бо фармони Президенти кашвар ба вазифаи сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»[2] ва аз моҳи октябри соли 2012 то моҳи майи 2015 муовини директори Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон буд[3].

Таълифот

вироиш

Як маҷмӯъаи очеркҳояш бо номи «Ҳафт ахтар» аз чоп баромадааст, ки дар бораи 7 зани сиёсатмадори сатҳи аввал дар солҳои 2000 -ум ҳикоят мекунад. Мақолаҳои зиёдаш тӯли зиёда аз 25 сол дар матбуоти даврӣ ва дар чандин маҷмуаҳои дастаҷамъӣ нашр шудаанд.

  1. Сабоҳат Иброҳимова. Сафари Ҳуринисо Ализода ба Шаҳри Ёдҳо. www.kmt.tj. Китобхонаи миллии Тоҷикистон. 3 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Январ 2020.
  2. Камоли Қурбониён. 10 қисса аз зиндагии Ҳуриннисо Ализода, ки шояд шумо надонед. sadoimardum.tj. Рӯзномаи «Садои мардум» (11 марти 2017). 3 марти 2021 санҷида шуд.
  3. Таъиноти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 3 марти 2021 санҷида шуд.