Ҳусайн Илоҳии Қумшаӣ

Ҳусайн Муҳйиддин Илоҳии Қумшаӣ (форсӣ: حسین محی‌الدین الهی قمشه‌ای‎; зод. 4 январ 1940, Теҳрон) — ориф, илоҳидон, нависанда, тарҷумон ва суханрони эронӣ дар заминаи ирфон, адабиёт ва фалсафаи ҳунар аст. Вай дар наққошӣ ва хушнависӣ низ осоре дорад[1].

Ҳусайн Илоҳии Қумшаӣ
Таърихи таваллуд 4 январ 1940(1940-01-04) (84 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Ҳусайн Муҳйиддин Илоҳии Қумшаӣ, фарзанди Маҳдӣ Илоҳии Қумшаӣ ва Тайиба Турбатӣ дар 14 дай 1318 (4 январи 1940 мелодӣ) дар Теҳрон ба дунё омад. Таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва донишгоҳиро ба тартиб дар дабистони дониш, дабиристони марвӣ ва донишкадаи илоҳиёт ва маорифи исломии Донишгоҳи Теҳрон то дараҷаи дуктурӣ ба поён бурд ва низ таҳсилоти ҳавзавиро назди падар ва устодони дигар думбол кард. Падараш файласуф, ориф, ҳаким, муҷтаҳид, устоди донишгоҳ, шоир ва мутарҷими маъруфи Қуръон буд[2].

Таҳсилоти ҳавзавии ӯ шомил давраи комили дарсҳо ва мабоҳиси исломӣ аз ҷумла ахлоқ, мантиқ, фалсафа ва калом, фиқҳи исломӣ, забон ва адабиёти араб, адабиёти форсӣ бо тамаркуз бар шуарои ирфонӣ ҳамчун Низомӣ, Мавлоно, Саъдӣ, Ҳофиз ва шайх Маҳмуди Шабистарӣ аст.

Қумшаӣ пас аз поёни таҳсилоти донишгоҳӣ ба кори тадрис дар Донишгоҳи Теҳрон ва соири марказҳои омӯзиши олӣ дар Эрон ва баъдҳо хориҷи кишвар пардохт ва дар канори он ба таълифу тарҷума дар заминаи ирфону адабиёт ва зебоишиносӣ машғул шуд. Вай дар соли 1358 қариб ба яксол низ риёсати Китобхонаи миллии Эронро ӯҳдадор буд[3].

Қумшаӣ дорои ҳамсар ва ду фарзанд, як писар ба номи шоҳид ва як духтар ба номи шодӣ аст. Ҳамсараш, Парвин Зандӣ, дорои дараҷаи дуктурӣ дар риштаи улум ва саноеъи ғизоӣ ва устоди Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштӣ ва муаллифу мутарҷими китобҳо ва мақолоти зиёде дар заминаи улуми ғизоӣ аст[4][5].

  1. دکتر حسین الهی قمشه ای. www.drelahighomshei.com. 17 Декабри 2021 санҷида шуд.
  2. Маҳдии Парвинзод. Устод дарси ишқ мегуфт. Дар бораи ҳаким Маҳди Илоҳии Қумшаӣ. Кайҳони фарҳангӣ, соли 19, шумораи 188, Хурдоди 1381, сафаҳоти 5-25
  3. Ноҳид Ҳабибии Озод. Руасои Китобхонаи миллӣ аз оғоз то имрӯз. Нашрияи Китоби моҳи куллиёт-иттилооту иртиботот ва донишшиносии вежаи ҳафтодумин соли таъсиси Китобхонаи миллии Эрон. Шумораи 133, соли 12, даймоҳи 1387, сафҳаи 108
  4. Беном. Дар талъати маҳрӯён анвори ту мебинам. Дидор бо дуктур Ҳусайн Илоҳии Қумшаӣ. Нашрияи Рӯзи ҳафтум. Соли 3, шумораи 102, 21 дайи 1375, сафаҳоти 2–3
  5. Беном. Дуктур Илоҳиии Қмшаӣ: Зан мазҳари маҳбубияти Худованд дар рӯйи замин аст. Нашрияи Роҳи камол, шумораи 30, озармоҳи 1388, сафаҳоти 44–45