Амир Ҳушанги Ибтиҳоҷ (форсӣ: امیر هوشنگ ابتهاج‎, мутахаллис ба Соя, форсӣ: ه. ا. سایه‎‎; 25 феврал 1928, Рашт10 август 2022[1], Кёлн, Рейн-Вестфалияи Шимолӣ[1]) — шоир ва пажӯҳишгари эронӣ, аз беҳтарин ғазалсароёни муосири Эрон.

Ҳушанг Ибтиҳоҷ
форсӣ: امیر هوشنگ ابتهاج
Тахаллусҳо: H. E. Sayeh[2]
Таърихи таваллуд: 25 феврал 1928(1928-02-25)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 10 август 2022(2022-08-10)[1] (94 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Солҳои эҷод: аз 1946
Забони осор: форсӣ
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Ҳушанг Ибтиҳоҷ дар соли 1928 дар шаҳристони Рашт чашм ба ҷаҳон кушод ва пас аз он, ки таҳсилоти худро дар он шаҳр ба поён расонид, ҳамроҳи хонаводааш роҳии Теҳрон шуд. Даҳуми августи соли 2022 дар кишвари Олмон даргузашт.[3]

Ғазали ӯ, ки аз ранги иҷтимои бисёр зарифе моя мегирад, ёдовари сурудаҳои дилкаши ғазалсароёни номии шеъри клоссикии Эрон аст. Дар нахустин дафтари шеъри худ — «Нахустин нағмаҳо» Соя бештар аз Ҳофиз таъсир пазируфтааст, аммо дар дафтари баъдии худ — «Сароб» тақрибан ба навъе ба истиқлол расидааст ва ин китоб аз ҳайси қолабҳои шеърӣ ва аз ҳам аз диди навоварию баёни дарёфтҳо ва таҷоруби шахсӣ ва завқӣ чашмгир аст ва дар осори баъдии Соя зулоли шеъраш гуворотар мегардад ва «ман» — и фардии ӯ табдил ба «Ман»-и ҷамъӣ мешавад ва ашъораш бозтоби орзуҳо ва таманниёти ҷомеа мегардад ва шеъру забону дардҳову ормонҳояш ба мардум наздику наздиктар мешавад. Ӯ худ дар ин бора мегӯяд:

  Замоне буд, ки ман ҳанӯз душману дӯсти худро нашинохта будам, ҳанӯз ишқи бузургамро наёфта будам, бо дигарон месӯхтам, аммо шеъри ман сароб буд ва дар поёни он рӯзгор навиштам: ба ҳангоме ки хурӯши хашму фарёди дард дар пардаи дили ту меовезад, ман барои дилам, барои ишқи беморам овоз хондаам, ҳангоме, ки чеҳраҳои зарду шикастаи ҳаммеҳанони ман бо ашку хун оғӯшта мешавад, ман барои гулҳои ёс, барои шабҳои маҳтобӣ, барои хобҳо ва рӯъёҳои худ шеър сурудаам. Шеъри ман ҳамчун нолаи шаб овози андӯҳу парешонӣ ва шикаст шудааст ва ман дигар намехоҳам, ки чунин бошад. Ман овози хешро дар ин дили танг сар хоҳам дод ва ин орзуро, ки саргузашти ранҷу разми пуршукӯҳи инсонҳост, аз миёни ҳисорҳои вайрони шаби хунолуд ба гӯши дуртарин ситораи бедори осмон хоҳам расонд ва чунин кардам.  

Соя ҳам дар қолабҳои куҳан ва ҳам дар сабки нимоӣ устод аст. Ғазалиёташ модерн ва дорои сохту муҳтавои мутафовит аст. Вай дар паноҳи баҳрагириҳои баҷо ва баҳинҷори ғазали сабки ироқӣ, ва ҷое, ки бар боварҳои хештан басе устувор ва пойдор монда ва ба худ муттакист, сурудаҳояшро бархурдор аз волоӣ ва шоистагиҳои вижа сохта, ки дар ин паҳно шеъри ӯро мумтозу барҷаста намуда ва ӯро дар канори ғазалсароёни бузурги муосир ҳамчун Шаҳриёр, Имоди Хуросонӣ ва Симини Беҳбаҳонӣ менишонад. Дар заминаи шеъри нимоӣ низ ашъораш саршор аз халлоқият ва навоварист.

Ғазалҳои Сояро метавон ҳадди восит байни ғазали суннатӣ ва ғазали нави муосир ба шумор овард; ҳам аз ҳайси бофти калом ва ҳам аз ҷиҳати гароиш ба муҳтавои иҷтимоию сиёсӣ. Гароиши Соя ба шеъри нимоӣ гоҳ ба ғазалҳои ӯ бо вуҷуди шӯру шевоии хос ҳувияте клоссик доранд. Ба таври куллӣ метавон гуфт: Соя шоире маъногаро ва мутаҳҳид аст ва шеъраш зимни бархурдорӣ аз зебоиҳои каломӣ ва балоғӣ, ки бисёр маҳсус ва малмусанд ва аз ибҳому иҳом ба дуранд, иртиботе содаву самимӣ бо хонанда барқарор мекунад ва аз ҳаёҳу ва ҷанҷолу шиорҳои рӯзмарра ва такрорӣ дур аст ва ба қавли худаш:

  биниши ҳунариро бо нигараи инсонӣ дар ҳам меомезад.  

Эътиқодаш ин аст, ки маонии зеҳнии шоир бояд шакле ҳунарӣ дошта бошад, то тавони раҳёбӣ ба ҳофизаи адабии мардумро пайдо кунад. Албатта, бад-ин тартиб шеър наметавонад яксӯя ва яксара дар банди фикри шахсӣ бимонад. Қаламрави он тарафтар барои шоири имрӯз матраҳ аст ва он қаламрави инсон ва васоили инсонист. Соя аз маъдуд шоиронест, ки ба чанд шаҳри шӯравӣ, аз ҷумла Ереван, Маскав, Ленинград, Тошканд, Самарқанд ва Бухорову Киев сафар кардааст (1965) ва шеъри «Ман ба боғи гули сурх» ҳосили ин сафар аст.


  • «Нахустин нағмаҳо»
  • «Сароб»
  • «Сиёҳмашқ»
  • «Шабгир»
  • «Замин»
  • «Чанд барг аз ялдо»
  • «Сиёҳмашқи 1, 2, 3»
  • «Ойина дар ойина»
  • «Ёдгори сарви хун»
  • «Девони ашъор»

Намунаи ашъор

вироиш

Имшаб ба қиссаи дили ман гӯш мекунӣ,
Фардо маро чу қисса фаромӯш мекунӣ.
Ин дурр ҳамеша дар садафи рӯзгор нест,
Мегӯямат, вале ту куҷо гӯш мекунӣ.
Дастам намерасад, ки дар оғӯш гирамат,
Эй моҳ, бо ки даст дар оғӯш мекунӣ.
Дар соғари ту чист, ки бо ҷуръаи нахуст
Ҳушёру мастро ҳама мадҳуш мекунӣ.
Май ҷӯш мезанад ба дили хум, биё, бубин,
Ёде агар зи хуни Сиёвуш мекунӣ.
Гар гӯш мекунӣ, сухане хуш бигӯямат
Беҳтар зи гаҳваре, ки ту дар гӯш мекунӣ.
Ҷоми ҷаҳон зи хуни дили ошиқон пур аст,
Ҳурмат нигоҳ дор, агар нӯш мекунӣ.
Соя чу шамъ шуъла дарафкандаӣ ба ҷамъ,
З-ин достон, ки бо лаби хомӯш мекунӣ.

Адабиёт

вироиш
  • Алиасғари Шеърдӯст. Шеъри муосири Эрон. Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсӣ-тоҷикии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон. — Душанбе 2012. — С.248
  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 https://www.tehrantimes.com/news/475515/Hushang-Ebtehaj-poet-of-epic-Sepideh-dies-aged-94
  2. Discogs (ингл.) — 2000.
  3. عصر ایران. هوشنگ ابتهاج (سایه) درگذشت(форсӣ). fa (۱۴۰۱/۰۵/۱۹ - ۰۳:۰۴). 25 феврали 2024 санҷида шуд.