Ҳуқуқҳои инсон
Ҳуқуқҳои инсон — 1) маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои инсон мебошад, ки вазъи ҳуқуқии инсонро нисбат ба давлат, имконият ва талаботҳояшро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, маданӣ муайян мекунад.
2) Ҳуқуқҳои инсон — ин қонунан таъмин намудани имконияти қонеь гардонидани талабот ва манфиатҳои ҳаётии шаҳрвандон мебошад.
Таърих
вироишМафҳуми ҳуқуқи инсон дар давраи инқилобҳои буржуазӣ пайдо гардида, хусусияти табиӣ ва дахлнопазир дорад. Ҳоло ҳуқуқҳои инсон ба хуқуқҳои шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маданӣ, тақсим мешавад. Ҳуқуқи инсон дар санадҳои зерини байналмилалӣ баён гардидааст: (русӣ: Декларация прав человека и гражданина, Эъломияи ҳуқуқи башар (с. 1948); Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои гражданӣ ва сиёсӣ, соли 1966; Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисоди, иҷтимоӣ ва маданӣ, соли 1966; Конститутсияи ҶТ ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ.[1]
Зарурати хуқуқҳои инсонро инкор кардан мумкин нест. Инсон худро дар ҳамон маврид комилан дар ҷамьият озод ҳис карда метавонад, ки соҳиби ҳуқуқ ва озодиҳои кафолатнок бошад. Зарурати чунин ҳуқуқхо ба монанди ҳуқуқ ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, таьмини иҷтимоӣ дар вақти пиронсолӣ ва чунин озодиҳо ба монанди озодии ҳуқуқи моликият, виҷдон, сухан, матбуот ва ғайра ба ҳама маьлум аст. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон табиӣ мусодир нашаванда аст. Бе амали гардонданиинин ин ҳуқуқҳои асосии инсон ҳеч гунна озодӣ, инсондустӣ, адолат ва беҳбудии ҳолати инсон шуда наметавонад. Ҳар як инсоне, ки ба дунё меояд, дорои чунин хуқуқ ва озодиҳо буда ҳамаи онҳо дар назди қонун баробаранд. Ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз нажод, ранги пӯст, миллат, чинс, забон, баромади иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ, молумулкӣ, мансаб, ақида муносибат ба дин иштирок кардан ё накардан дар иттиҳоди ҷамъиятӣ ҷои истиқомат ва ҳолатҳои дигар дорои ҳуқуқ ва озодиҳои баробар мебошанд. Дорои хуқуқ ва озодиҳои гуногун будани шаҳрвандон маънои онро надорад, ки ҳар як шахс чи тавре ки хоҳад, ҳамон тавр рафтор намояд. Баръакс баамал барории ҳуқуқ ва озодиҳои кониститутсионии ҳар як шахс набояд ҳуқуқ ва озодиҳои дигаронро вайрон намояд, ба ҷамъият ва атрофиён зарар расонад. Зар як шаҳрванд уҳдадор аст, ки кониститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистонро риоя намояд, андоз ва ғункуниҳоро супорад, табиатро эҳтиёт ва ёдгориҳои таърихиро ҳифз намояд.
Нигаред
вироишПайвандҳо
вироиш- Ташкилотҳои давлатӣ ва байнидавлатӣ:
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Тоҷикистон Бойгонӣ шудааст 6 октябри 2016 сол.,
- Права человека в Таджикистане на портале УВКПЧ ООН(англ.)
- Доклад о ситуации с правами человека в Таджикистане (2010) Бойгонӣ шудааст 26 ноябри 2011 сол. Государственный департамент США
- Документы БДИПЧ ОБСЕ и СНГ о выборах в Таджикистане
- Интервью омбудсмена З. Ализоды(пайванди дастнорас) 2010(англ.)
- Ташкилотҳои ғайридавлатӣ
- Раздел о Таджикистане доклада «Международной амнистии» за 2011 год
- Бюро по правам человека и соблюдению законности Бойгонӣ шудааст 15 марти 2012 сол.
- Таджикистан на портале «Human Rights Watch»(рус.)
- Разделы о Таджикистане доклада ХРВ за 2009(пайванди дастнорас)(англ.), 2010 и 2011 Бойгонӣ шудааст 3 апрели 2015 сол. годы
- Таджикистан на портале «Права Человека в Центральной Азии» Бойгонӣ шудааст 5 марти 2012 сол.
- Официальный сайт Уполномоченного по правам человека в Республике Таджикистан Бойгонӣ шудааст 6 ноябри 2016 сол.
- Декларатсияи умумии ҳуқуқҳои инсон ба забони русӣБойгонӣ шудааст 6 марти 2012 сол.
- Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқҳои инсон Бойгонӣ шудааст 10 апрели 2008 сол. (Луиз Арбур, Канада)
- Ҳуқуқҳои инсон - Русия
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 523