Ҳуқуқи омма ва хусусӣ
Ҳуқуқи омма ва хусусӣ — яке аз таснифҳои ҳоло эътирофгаштаи ҳуқуқ аст. Тафовути ҳуқуқи хусусӣ ва ҳуқуқи омма дар Рими Қ а д и м аз ҷониби ҳуқуқшиноси намоёни румӣ Улпиан (с.с. 170-228) пешниҳод шуда, то имрӯз истифода мешавад. Мавзӯи танзими ҳуқуқи оммаро манфиатҳои омма (ҷомеа ва давлат) ва ҳуқуқи хусусиро манфиатҳову корҳои хусусӣ ташкил медиҳад. Ҳуқуқи омма дар соҳаи ҳокимият ва тобеияг ва ҳуқуқи хусусӣ дар соҳаи озодиву ташаббускории шахсӣ амал мекунанд.
Соҳаҳои ҳуқуқи омма - Ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, молиявӣ, ҷиноӣ, мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи судии иқтисодӣ ва ғ. мебошанд.
Ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ шомили ҳуқуқи хусусианд. Дар соҳаҳои ҳуқуқи омма воситаву усулҳои марказонидашуда (мутобиқатӣ), императивӣ (ҳатмӣ-ҳокимиятӣ, тобеиятӣ), дар соҳаҳои хусусии ҳуқуқ бошад, баръакс, усулҳои ғайримарказонидашуда (дар асоси мустақилияту ташаббускорӣ), диспозитивӣ (бо имкони интихоби фаъолияти озодона) истифода мешаванд..[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 527-528