Ҷумҳурии Ямани Араб

(Тағйири масир аз ҶЯА)

Ҷумҳурии Ямани Араб ё Ямани Шимолӣ ( англисӣ . Yemen Arab Republic, арабӣ . الجمهورية العربية اليمنية‎) — давлатест, ки дар ҷанубу ғарби нимҷазираи Арабистон аз 26 сентябри 1962 то 22 майи 1990 вуҷуд дошт. Масоҳат: 195 ҳазор км². Пойтахт: Санъо (134,6 хазор нафар, маълумот барои соли 1977). Воҳиди пулӣ: риали Яман.

Ҷумҳурии Ямани Араб
англ. Yemen Arab Republic
ар. الجمهورية العربية اليمنية
Парчам Нишон
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Ямани Араб|]]»
Рӯзи истиқлолият (аз Бритониё 6 октябри соли 1990)
Забони расмӣ забони арабӣ
Пойтахт Санъо
Шаҳри калонтарин Аден, Ходейда, Таиз, Ибб
Идораи давлат Ҷумҳурии президентӣ
Президент
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
49-ум ҷой дар ҷaҳон
195 000 км²
- %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (1990)
  • Зичӣ
-ум ҷой дар ҷaҳон
7 160 981 (1990)
нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2019)
  • Ба сари аҳолӣ
104-ум ҷой дар ҷaҳон
65,088 млрд $
2057 $
Пули миллӣ риёли Ямани Шимолӣ (YER)
Интернет-Домен
Коди телефон +
Соат UTC +3
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Давлат баъди ба Ҷумҳурии Яман муттаҳид шудани Ҷумҳурии Ямани Араб ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман 22 майи 1990 аз байн рафт.

Президентҳои Ҷумҳурии Ямани Араб

вироиш
 
Ямани Шимолӣ (норанҷӣ) ва Ямани Ҷанубӣ (кабуд) то соли 1990.

Дар Ямани Шимолӣ дар солҳои 1962—1990 6 президент дар сари қудрат буд.

Номи президент Оғоз Анҷом Ҳизби сиёсӣ
1 Абдуллоҳ Салол
27 сентябри 1962 5 ноябри 1967
(сарнагун шуд)
Низомӣ
2 Абдурраҳмон Ориёнӣ 5 ноябри 1967 13 июни 1974
Ғайриҳизб
3 Иброҳим Муҳаммад Ҳамдӣ 13 июни 1974 11 октябри 1977
(кушта шуд)
Низомӣ
4 Аҳмад Ҳусейн ал-Ғашимӣ 11 октябри 1977 24 июни 1978
(кушта шуд)
Низомӣ
5 Абдулкарим Абдуллоҳ Арашӣ 24 июни 1978 18 июли 1978 Низомӣ
6 Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ 18 июли 1978 22 майи 1990 Низомӣ

Муттаҳидшавӣ

вироиш

Моҳи майи соли 1988 ҳукуматҳои Ҷумҳурии Ямани Араб ва Ҷумҳурии Халқии Демократии Яман ба хулоса омаданд, ки муттаҳидшавии давлатҳои араб шиддати вазъиятро хеле паст мекунад. Онҳо ба мувофиқа расиданд, ки баҳсҳои марбут ба муттаҳидшавӣ, таъсиси як минтақаи муштараки истихроҷи нафт дар сарҳади номуайяни худ, аз демилитаризатсияи сарҳад ва иҷозаи убури бидуни маҳдудият ба сарҳади яманӣ дар асоси корти шиносоии миллӣ диҳанд.

Муттаҳидшавии расмии Яман 22 майи 1990 бо як раванди банақшагирифтаи 30 моҳа сурат гирифт, ки бояд моҳи ноябри соли 1992 анҷом шавад. Аввалин мӯҳр бо навиштаҷоти "Ҷумҳурии Яман" моҳи октябри соли 1990 нашр шуд. Дар ҳоле ки вазоратҳои ҳукуматӣ муттаҳид шуданро идома доданд, ҳарду асъор то 11 июни соли 1996 эътибор доштанд. Вале,ҷанги шаҳрвандӣ дар соли 1994 анҷоми якҷояшавии ниҳоиро ба таъхир андохт.