Ҷамшед Валиев

филолог, омӯзгор, номзади илмҳои филология (2023)

Ҷамшед Абдурасулович Валиев (тав. 07.06.1993, д. Нури Шарқ, ҷамоати Истиқлол, н. Фархор, вил. Хатлон) — филолог, омӯзгор, номзади илмҳои филология (2023)

Ҷамшед Абдурасулович Валиев
Ҷамшед Абдурасулович Валиев
Таърихи таваллуд 7 июн 1993(1993-06-07) (31 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Фархор
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Зиндагинома

вироиш

Ҷамшед Валиев солҳои 2011-2015 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 2015-2017 магистратураи донишгоҳи мазкурро хатм карда, аз соли 2016 то соли 2017 ба сифати мудири кабинети фаннии факултети таҳсилоти ибтидоии ДДОТ ба номи С. Айнӣ. Аз соли 2017 ба ин сӯ котиб-коргузори маҷаллаи «Муҳаққиқ» ва аз соли 2020 ба ҳайси муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ фаъолият дорад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Ҷамшед Валиев солҳои 2017-2020 докторанти PhD-и шуъбаи рӯзонаи кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ ва ассистенти кафедраи номбурда фаъолият намудааст. Дар мавзуи “Роҳҳои калимасозии исм дар осори Абдулҳамид Самад» пажуҳиши илмӣ анҷом додааст ва соли 2023 рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи беш аз 20 мақолаи илмӣ аст.

  • Исмҳои мураккаби тобеъ дар осори Абдулҳамид Самад// Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2018, №1 (73), с.117-120;
  • Некоторые лексические особенности эпоса «Гургули» // Вестник педагогического университета. Д., 2018, №1 (73), с.86-91(ҳаммуаллиф);
  • Пасвандҳои исмсоз дар насри бадеии Абдулҳамид Самад // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2019, №4 (81), с.92-96;
  • Хусусиятҳои морфологии вожаҳои мақолаи «Фардои мактабу маориф»-и Урун Кӯҳзод // Паёми Донишгоҳи омӯзгорӣ. Д., 2020, №1 (84), с.59-62;
  • Бедории фикр, ибтидои эҷодиёт ва фаъолияти педагогии Айнӣ//Маҷмуаи мақолот (Маводи ҳамоиши илмии байналмилалии «Устод Садриддин Айнӣ поягузори адабиёти реалистии халқҳои Осиёи Марказӣ»). Д., 16-17 апрели соли 2018, с.467-471;
  • Асарҳои насрии Садриддин Айнӣ ва ибтидои насри реалистии тоҷик//Маҷмаи мақолот (Маводи ҳамоиши илмии байналмилалии «Устод Садриддин Айнӣ поягузори адабиёти реалистии халқҳои Осиёи Марказӣ»). Д., 16-17 апрели 2018, с.246-254;
  • Баъзе масъалаҳои калимасозӣ аз нигоҳи профессор Шарофиддини Рустам//маводи Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами забоншиносии миллӣ» бахшида ба 90-солагии Шарофиддин Рустамов 5.05. 2021. Д., 2021, с.167-175.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ