Ҷанги Оқсӯ
Ҷанги Оқсӯ — ҷангест, ки соли 717 дар байни арабҳои Хилофати Умайя ва ҳампаймонҳои онҳо аз Тургеш ва Империяи Тибет аз як тараф ва нерӯҳои сулолаи Тани Чин аз тарафи дигар сурат гирифтааст. Арабҳо бо дастгирии тургешҳо Оқсӯ ва Учтурфони минтақаи Синсзянро муҳосира карданд. Қӯшунҳои Тан ба арабҳо ҳамла карданд ва мағлуб карданд ва онҳоро маҷбур карданд, ки ақибнишинӣ кунанд [1].
|
Замина
вироишСоли 715 бо ёрии арабҳо ихшид — ҳокими водии Фарғона сарнагун карда шуд ва ҳокими нав Алутар дар тахт қомат рост кард. Ихшиди сарнагуншуда зери сарпарастии Чин ба Кучу (протекторати чинии Анси) гурехт. Чиниҳо барои кумак ба ихшид 10 000 сарбозро таҳти фармони Чжан Сяосун ба Фарғона фиристоданд. Вай нерӯҳои Алутар ва лашкари ишғолгари арабро дар Намангон шикаст дод ва ихшидро ба тахт баргардонд [1].
Ҷанг
вироишСоли 717 арабҳо якҷоя бо ҳаммаслакони худ аз Тургеш ва Тибет ду шаҳри ноҳияи Оқсӯро, ки зери протекторати Чин буд, муҳосира карданд. Фармондеҳи гарнизонҳои Чин дар Осиёи Миёна Тан Тсзяхуэй ба муқобили онҳо ду лашкар фиристод: яке иборат аз силоҳҳои пиёда бо сарварии худи Тсзяхуэй ва дуввумӣ аз саворони карлук бо сарварии Ашина Син. Дар натиҷаи ҷанг артиши араб мағлуб шуд ва маҷбур шуд, ки ақибнишинӣ кунад. Бисёре аз ҷанговарони араб дастгир шуданд, аммо баъдтар пас аз он ки Хилофат барои бозгашташон бо тило фидя пардохт кард, озод карда шуданд.
Натиҷа
вироишДар натиҷаи ҷанг, арабҳо аз Мовароуннаҳри Шимолӣ ронда шуданд. Тургешҳо зери протекторати чинҳо қарор гирифтанд ва баъдан ба арабҳо дар Фарғона ҳамла карданд. Императори Чин барои садоқати худ ба кагани тургешӣ Сулук унвони императорӣ дод ва ӯро бо шаҳри Сӯёб қадрдонӣ кард [2]. Бо дастгирии Чин тургешҳо ба қаламрави арабҳо мунтазам ҳамлаҳо оғоз намуда, дар ниҳоят, баргардонидани назорати тамоми Фарғонаро, ба истиснои чанд қалъа, таъмин карданд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bai, Shouyi et al. (2003). A History of Chinese Muslim (Vol.2). Beijing: Zhonghua Book Company. ISBN 7-101-02890-X., pp. 235—236
- ↑ Zongzheng, Xue (1992), p. 596—597,669