Ҷасур Халилов
Ҷасур Халилов - оҳангсоз (композитор),узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (2009), роҳбари бадеии гурӯҳи «Авесто».
Ҷасур Суръатович Халилов | |
Таърихи таваллуд | 26 январ 1973 (51 сол) |
Зодгоҳ | шаҳри Душанбе |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз (композитор) |
Зиндагинома
вироишҶасур Халилов 26 январи соли 1973 дар шаҳри Душанбе дар оилаи композитор Суръат Халилов таваллуд шудааст. Хатмкунандаи мактаби миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ (труба) ва Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (бо тахассуси труба) мебошад. Ҳамчун роҳбари мусиқии «Авасто» ӯ дорандаи ҷоизаи фестивалҳои гуногуни байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, Алмаато, Бишкек мебошад. Аз соли 2008 омӯзгори кафедраи эстрадаи Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов. Ҷасур Халилов – намояндаи насли ҷавонтарини композиторони Тоҷикистон аст. Муддати чанд сол аст, ки дар синфи композитор Заррина Миршакар ба таври факултативӣ композитсияро меомӯзад. Ӯ композитори ҷодаи мусиқии эстрадӣ аст. Асарҳои вокалӣ ва камеравӣ-созии ӯ бо ин сабк эҷод мешаванд. Дар асарҳои худ Ҷасур мекӯшад ҷазро бо унсурҳои мусиқии классикаи аврупоӣ ва хусусиятҳои мусиқии халқии тоҷик омезад. Асарҳои Ҷ. Халилов дар консертҳо, дарсҳои маҳоратӣ, фестивалҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Баҳористон» (2008) садо додаанд. Достони симфонии ӯ аввалин маротиба соли 2008 дар иҷрои Ансамбли давлатии мусиқии классикии «Камерата Казахстана» - дирижёр П. Тарасевич ва соли 2009 – оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ – дирижёр Берон Меробов садо додааст. Ҷасур Халилов соли 2009 узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон интихоб гардид.
Осор
вироишАсарҳои фортепианӣ
вироиш- Прелюдияи Корвон.
- «Сӯзанӣ».
- Валси «Чарх».
- Балладаи «Бозии мавҷҳо».
- «Парирӯ».
- Ноктюрн «Чаро?».
- Экспромт дар сабки ҳиндӣ.
- Элегия.
- Хаёлот.
Асарҳои дигар
вироиш- «Таърихи ишқ», достони симфонӣ барои оркестри камеравӣ.
- 2009 – 2010
- «Лайлӣ ва Маҷнун», дуэт барои скрипка ва фортепиано.
- «Ёддоштҳо», дуэт барои саксофон ва фортепиано.
- Дуэт барои кларнет ва фортепиано.
- «Албом барои Нисо» - 5 пйеса барои фортепиано.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. - Душанбе, 2011, - c. 222- 225