Заррина Миршакар
Заррина Миршакар (зод. 19 март 1947[1], Сталинобод[1]) — оҳангсози тоҷик, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (2000), дотсент (1994). Узви Иттифоқи композиторони ИҶШС ва Тоҷикистон (1974)[2]
Заррина Миршакар | |
| |
Иттилооти асосӣ | |
Таърихи таваллуд | 19 март 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Кишвар | |
Пеша(ҳо) | композитор |
Ҷоизаҳо | Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (2000) |
Зиндагинома
вироишМиршакар Заррина Мирсаидовна — 19 март, 1947 дар оилаи Шоири халқӣ Мирсаид Миршакар таваллуд шуда, дар олами назм ва сурудҳои тоҷик ба воя расидааст. Дар мактаби мусиқӣ — аввал дар синфи фортепиано, сипас дар синфи эҷодиёти бачагонаи Ю. Г. Тер-Осипов (1958—1963) таҳсил кардааст. Солҳои ҷавонии ӯ ба давраи рушди пуравҷи фарҳанги мусиқии ҷумҳурӣ рост омад. Яке аз марказҳои мусиқӣ — Омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе, ба яке аз марказҳои ҳаёти мусиқӣ табдил меёбад. Дар омӯзишгоҳ З. Миршакар дар синфи композитсияи Ю. Тер-Осипов таҳсил менамояд. Муаллими фанҳои назариявӣ ва фортепианои махсус композитор М. Цветаев буд. Солҳои 1967—1974, вай дар консерваторияи Москва, дар синфи композитори варзида, профессор Сергей Баласанян, ки дар саргаҳи мусиқии муосири касбии тоҷик қарор дошт, таълим мегирад. Тӯли солҳои таҳсил З. Миршакар дар мусиқӣ қотеъона мавзӯи худро ҷустуҷӯ намудааст. Ӯро манзараҳои макони авлодии худ — Помир ба ҳаяҷон меовард. Давраи таътил вай ҳафтаҳои дароз ба Помир рафта, мекӯшид, ки ҷавҳари сурудҳои халқиро дарк намояд, мусиқии фолклории помириро сабт менамояд. Ниҳоят ҳамон лаҳзаи гуворо фаро расид ва дар толори Консерваторияи давлатии Москва яке аз оркестрҳои пойтахт нахустин асари калони ӯро иҷро намуд. Ин асари силсилавӣ барои оркестри симфонӣ «Ду манзараи помирӣ» (1974) кори дипломии З. Миршакар буд. Ҳар ду қисми он («Сароиш» и «Рақс») бо хусусиятҳои миллӣ оро ёфтаанд. Асоси забони мавзуни асарро, ки дар он муаллиф аз истифодаи ошкоронаи фолклор моҳирона сарфи назар намудааст, ин лаҳнҳои помирӣ, метроритмикаи халқӣ мебошад. Асар дар мутобиқати том бо унвони худ ба тавассути симоҳои барҷастаи мусиқӣ манзараҳои ҳаяҷонбахши ҳаёти кӯҳистонро тасвир намудааст. Эҳсосоти самимӣ, ифодаи табиии мусиқӣ, забони асили оҳангҳои халқӣ, озод ва мавзун будани вусъати тобиши садоҳо — чунин аст хусусияти хоси мусиқии композитор, ки дар «Ду манзараи помирӣ» хеле боварибахш баромада буд. З. Миршакар то соли 2003 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва аз соли 2003 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов (2003—2008 — мудири кафедраи композитсия) буд. Аз соли 2008 то ҳоло ба кори фаъолонаи омӯзгорӣ, ба ҳайси дотсенти кафедраи консерватория машғул аст.
Эҷодиёт
вироишАз асарҳои аввалини З.Миршакар — Прелюдияҳои фортепианоӣ — мусиқии сабки лирикӣ, гӯё саҳифаҳо аз рӯзномаи шахсии ӯ хеле мароқангезанд. Сурудҳои халқии помирӣ бо истеъдоди баланд такмил дода шудаанд.
Триои фортепианоӣ (скрипка, виолончел, фортепиано) аввалин таҷрибаи ӯ дар мусиқии камеравӣ-созӣ (1965) гардид. Сипас дар жанри камеравӣ Квартети созии чорқисма ва силсилаи пйесаҳо барои скрипка ва фортепиано (1972) эҷод гардиданд. Бо асари «Ду ҳаккокӣ» барои оркестри созӣ (1967) эҷодиёти симфонии ӯ оғоз меёбад, ки минбаъд дар Симфониетта барои оркестри созӣ (1974—1975) бо шавқ идома ёфтааст. Дар жанри мусиқии хорӣ такмили сурудҳои помирӣ барои хор a’capella ҷолиб мебошанд, аз ҷумла ду такмил барои хори занона «Парии хушнуд» ва «То кай?», Кантата барои хори бачагона ва оркестри камеравӣ ба шеъри М.Миршакар иборат аз панҷ қисм: «Киштичаи ман», «Шукуфон бош, лола», «Оби болаззат», «Алла» ва диг. бо воридшавии нозукона ба дунёи маънавии кӯдак фарқ мекунанд. Аз «Се деворнигораи помирӣ» барои скрипка ва фортепиано (1977) насими шаҳомати салобатноки кишвари кӯҳсор мевазад.
Дар ибтидои соли 1990-ум З. Миршакар консертинои "Respiro"ро барои скрипка, литавраҳо ва оркестри торӣ менависад. Ин асарро композитор ба дӯсти деринаи худ, хонуми скрипканавоз Радана Вданешевич, бахшидааст. Манзараҳои табиати зебо ва қадиму одии Помир дар достони симфонии «Рангҳои Помири офтобӣ», ки соли 1982 навишта шудааст, (нахустин иҷроиш Таллин, 1983) таҷассум ёфтааст. Силсилаи миниатюраҳои латифи фортепиании «24 байти мусиқӣ», бахшида ба ёдбуди Э. А. Хагагортян ба таври устувор ба репертуари пианинонавозон ва системаи таълимоти мусиқӣ ворид гардид.
Заррина Миршакар композитори дорои истеъдоди барҷаста ва хос аст. Мусиқии ӯ маъруфияти арзандаро соҳиб аст. Асарҳои З.Миршакар доимо дар эфир садо медиҳанд, аз ҷониби навозандаҳои яккаву дастаҳои мусиқӣ иҷро карда мешаванд.
З. Миршакар аз соли 1981 чандин маротиба узви раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, соли 1985 аъзои комиссияи тафтишотии Иттифоқи композиторони СССР интихоб гардидааст. Соли 1985 вай дорандаи Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон мегардад.
Дар фестивалҳои байналмилалии мусиқӣ дар Словакия (1977), Прага (1980), дар нахустин вохӯрии композиторони ҷавони мамолики сотсиалистӣ композиторони ҷавони ИМА ва СССР (Прага, 1986) ширкат варзидааст. Асарҳои ӯ дар бисёр мамолики дунё, аз ҷумла Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Руминия, Маҷористон, Фаронса, Итолиё, Олмон, Югославия, Чехословакия, ИМА, Исроил, Швейтсария иҷро карда шудаанд.[3]
Осор
вироиш- Две памирские картины (для симфонического оркестра), 1973—1974; М., «Советский композитор», 1982. (Приобретена фирмой «Шан Дюмон»)
- Симфоньетта (для струнного оркестра), 1973—1975;
- Краски солнечного Памира, 1982;
- Симфония № 1, 1991—1993;
- Контата для детского хора и оркестра (на слова Мирсаида Миршакара), 1975;
- Струнный квартет, 1973;
- Три памирские фрески, 1976—1977;
- Соната-поэма для кларнета соло, 1981;
- 24 музыкальных байта для фортепиано, посвященный памяти Э. А. Хагагортяна, 1982;
- Соната, 1987;
- Крещендо, 1988;
- «Respiro» для скрипки, камерного оркестра и литавр, 1990;
- Романс, 1992;
- Три пьесы цикл детских пьес для фортепиано (бусы для саидочки), 1995;
- Шесть пьес для фортепиано, 1995.
- Мусиқӣ дар филмҳо
- «Наш Боки» (режиссер Валерий Аҳадов), 1972
- БАМ (Байкало-Амурская магистраль), 1988
- Оҳанг барои филми «Талоқ», короткометражный фильм (Москва, 2007).[4]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 The New Grove Dictionary of Music and Musicians (ингл.) / S. Sadie, N. Fortune — OUP, 1980.
- ↑ Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, прогноз погоды на 19 марта 2014 года (Азия Плюс) http://news.tj/ru/news/salom-aleikum-tadzhikistan-anonsy-den-v-istorii-prognoz-pogody-na-19-marta Бойгонӣ шудааст 8 августи 2014 сол.
- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011, — с.104-106
- ↑ Композиторы и музыковеды Таджикистана: Справочник / Ф. Азизи, К. Хикматов, Н. Хакимов. — Душанбе: «IMAK Ofset Bas. Yay. Tic.veSan. Ltd.Sti» Istambul, 2010. — С. 105—109.
Адабиёт
вироиш- Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011, — с.104-106
- Композиторы и музыковеды Таджикистана: Справочник / Ф. Азизи, К. Хикматов, Н. Хакимов. — Душанбе: «IMAK Ofset Bas. Yay. Tic.veSan. Ltd.Sti» Istambul, 2010. — С. 105—109
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик / Д. А. Азизкулов. — Душанбе, 1989. — Ҷ. 2. — С. 273—174. — 560 с. — ISBN 5-89870-001-3