Ҷаҳонмалик Хотун

(Тағйири масир аз Ҷаҳонмулкхотун)

Ҷаҳонмалик Хотун (форсӣ: جهان‌ملك خاتون‎; 1324, Шероз1393, Шероз) — шоири порсигӯ ва шоҳдухт аз хонадони Инҷу, духтари Ҷалолуддин Масъудшоҳ.

Ҷаҳонмалик Хотун
Таърихи таваллуд: 1324
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1393
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Ҷаҳон Малик Хотун духтари Ҷалолиддин Масъудшоҳ бинни Шарфолиддин Маҳмудшоҳи Инҷу аз шоирони нимаи дуввуми қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ дар Шероз аст, ки дар шеър ба исми худ яъне «Ҷаҳон» тахаллус мекард чунон, ки дар поёни ғазалҳои манқул аз ӯ хоҳем дид. Вай дар муқаддимаи девони хеш худро «Ҷаҳон бинти Масъудшоҳ» муаррифи карда ва бинобар ин аз бозмондагони хонадони Инҷу дар форс будааст, ки насаби худро ба Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ мекашонидаанд. Бузургии ин хонадон яъне Шарфолиддин Маҳмуд аз мулозимони Амир Чӯпон буд, ки чунон, ки медонем «Кирдуҷин» духтари Обаш Хотунро ба никоҳ дароварда буд. Обаш Хотун духтари Атобак Саъд бинни Абубакр буд, ки дар солҳои 662 ва 663 ба унвони охирин фард аз Атобакони Сулҷурӣ бар форс ҳукумат мекард ва духтари ӯ ва Мангу Темур, ки «Кирдуҷин» ном дошт аз соли 719 ҳиҷрӣ аз ҷониби Султон Абӯсаид Баҳодур ҳокими форс шуд ва чандин дар ин мақом буд ва хидмати бузурге дар ободонии форс кард. Дар аҳди ҳукумати ҳамин Кирдуҷин бар форс Амир Чӯпон яке аз мулозимони худро ба номи Шарафуддин Маҳмуд, ки вакили амлоки хосаи Элхонӣ буд ба вазорати форс ва Кирмону Язд ва Кешу Баҳрайн фиристод ва ӯ ба зуди навоҳии ҷанубии Эронро аз Исфаҳон то соҳили халиҷ дар идораи моли худ гирифт ва ба «Инҷу» маъруф гардид ва моли фаровон ҳосил кард ва баъд аз Кирду- ҷин яъне баъд аз ҳудуди соли 729—730 дар навоҳии мазкур истиқлоли тамом дошт то дар соли 734 маъзул ва сипас бар асари тӯғён дастгир ва маҳкум ба қатл шуд. Лекин ба васотати Хоҷа Ғиёсулидин Маҳмуд вазир аз марг раст ва дар қалъаи Табараки Исфаҳон маҳбус гардид ва писараш Ҷалолиддин Масъуд ба Рум назди Амир Шайх Ҳасани Чӯпонӣ ҳукмрони он сарзамин фиристода шуд ва ин вазъ идома дошт то соли 734 ки Абӯсаиди Баҳром даргузашт ва Шарфолиддин Маҳмуд ва писаронаш дар муддати кӯтоҳ Элхонӣ Орпогоун ба Табрез бозгаштанд вазири сояи Ғиёсулидин вазир дар ратақ ва фатақ умури дахолат ёфтанд лекин дере нагузашт, ки Маҳмудшоҳ ба фармони Орпогоун кушта шуд ва ду писараш Ҷалолидин Масъуд ва Шайх Абӯасҳақ аз Табрез гурехтанд, нахустин ба Рум дар паноҳи Амир Шайх Ҳасан рафту дувуммин ба диёри Бакр дар паноҳи Амир Алӣ подшоҳ.Ҷаҳон Хотун духтари Ҷалолиддин Масъудшоҳ ва набераи духтарии Ғиёсулидин Муҳаммад вазир аст, ки ниёи модариш Рашидидини Фазлуллоҳ вазир буд ва ниёи падариш Амир Шарфолиддин Маҳмудшоҳи Инҷу ва ӯ муслиман баъд аз кушта шудани падар дар назди Шайх Абӯасҳoқ умр ба сар мебурд ва тарбият мегирифт ва баъд аз ғалабаи Амир Муборзолидин бар Шероз ва қатли Мири Шайх дар соли 758 ҳамчунон дар Шероз монд ва дар канори душманони хонадони худ басар бурд ва ба ихтиёр ё изтиро Шоҳ Шуҷоъ Музаффариро мадҳ гуфт ва ҳамчунон дар Шероз мезист то чунон, ки хоҳем дид дар охири қарни ҳаштум ва баъд аз соли 784 ҳиҷрӣ падруди ҳаёт гуфт.

Мероси адабӣ

вироиш

Ӯ дорои девон мебошад, ки дар замони худаш таълиф шудааст. Ва алъон аз он ду нусха дар китобхонаи миллии Париж мавҷуд аст. Маҷмӯи ашъори Ҷаҳон Хотунро мутаҷовиз аз 5500 байт метавон тахмин зад. Ин ашъор иборат аст аз чанд қасида ва тарҷеъбанду муқтаъот ва ғазалҳои мутаадид ва рубоиҳои бисёр. Ашъори вай хоса ғазалҳо ва рубоиҳо ширин ва ошиқона ва гоҳ мутазаммини мадҳ аст. Забонаш сода ва ашъораш мутамоил ба салосат ва ба нудрат мақрун ба иштибоҳоти лафзи вале фоқиди муболиға кориҳои шоирон устод ва бар рӯи ҳам мутавассит аст.

Баъзе ғазалу порчаҳои парокандаи ӯ тавассути тазкираву баёзҳо ва ҷунгҳои баъдина то имрӯз расидаанд. Ғазалҳоят равону салис буда, дар айёми зиндагиаш байни мардум шуҳра пайдо кардаанд. Ба баъзе ғазалҳои Ҷаҳонмулкхотун шоирон пайравӣ кардаанд. Ашъораш дар мавзӯъҳои ишқӣ, панду ахлоқӣ ва иҷтимоию сиёстӣ гуфта шудаанд. Ин аст матлаи як ғазали ӯ:

Эй мисли чашми мастат чашми фалак надида,
Нақши хаёли рӯят бар лавҳи ҷон кашида.

Намунаи ашъор

вироиш

Рубоӣ

Тири ғами ҳиҷрони ту аз ҷон бигзашт,
Дил буд сипар тир ба пайкон бигзашт.
Чун дид ҷароҳатам табиби дил гуфт,
Бечора, туро дард зи дармон бигзашт.
Асрори ту дар дида ниҳонаст маро,
В-аз дида сиришки хун равон аст маро.
Чун сар ба фидои роҳи ишқат кардам,
Эй ҳамнафасон чӣ ҷои ҷонаст маро.
Шабҳои дароз бештар бедорам,
Наздики саҳар рӯй ба болин орам.
Мепиндорам, ки дида бе дидани дӯст,
Дар хоб равад хаёл мепиндорам.

Адабиёт

вироиш
  • Ҷаҳонмулкхотун / А. Ғаффоров // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).
  • Забебуллоҳ Сафо Таърихи адабиёт дар Эрон. . Ҷ.3,2. С.1045-1056