Ҷонишинҳои таъйинӣ
Ҷонишинҳои таъйинӣ — ашё ва аломати онҳоро ба таври умумӣ таъйин менамоянд. Онҳо аслӣ ва ғайриаслӣ мешаванд. Ҷонишинҳои таъйинии аслӣ калимаҳои ҳама ва ҳар мебошанд. Ҷонишинҳои ғайриаслӣ дертар ба вуҷуд омадаанд: ҳар кӣ, ҳар чӣ, ҳар кадом, ҳар як ва ибораҳои ҷонишинии ҳар он кӣ, ҳар он чӣ, ҳар он кас, ҳар он чиз.
Намунаҳо Вироиш
Ҳамаи корҳоро ҷадидон карда истодаанд.
Барои ҳурмати мӯйи сафедаш,
Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст.
Дар бораи он ҳар хел гапҳо паҳн мешуд.
Ҳар кадоми ин ситорагон нурафшонӣ мекунанд.
Дили он кас ҳам ҳамеша ба тарафи шумост.
Нигаред низ Вироиш
Эзоҳ Вироиш
Сарчашма Вироиш
- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 157саҳ.