Мӯъмин Қаноат
Муъмин Қаноат (форсӣ: مؤمن قناعت; 2 май 1932, ноҳияи Дарвоз, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 18 май 2018, Душанбе) — шоир, ходими давлатӣ, Шоири халқии Тоҷикистон. Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1980).[1]
Муъминшоҳ Қаноатов | |
Таърихи таваллуд: | 20 май 1932 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 18 май 2018 (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Солҳои эҷод: | аз 1960 |
Жанр: | достон, шеър |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | |
cit.tj/mumin/index.php?i… |
ЗиндагиномаВироиш
Устод Муъмин Қаноат 2 майи соли 1932 дар деҳаи Курговад дар Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта, сипас дар колхоз кор кардааст. Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 40-уми садаи бист дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд. Вай соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи ториху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳо дар ҳайъати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда нахуст масъули бахши назм, сипас дабири масъули маҷалла буд. Чанд замоне ҳам сарвиростории нашриёти «Ирфон» -ро бар зимма дошт.[2]. Аз соли 1961 то соли 1991 узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС буд. Мудири шуъбаи назм, котиби масъули маҷаллаи «Садои Шарқ» (1956—1966), муовини раиси Садорати ИНТ (1968—1976), аз 1976 то 1991 котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Директори Институти осори хаттии АИ ҶТ (1991). Раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Олии ИҶШС (1991). Замоне узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 1962 то оғози даҳаи 1990), узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Намояндаи халқии ИҶШС (1989—1991)(иҷлосияи X—XI), котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии пуштибонӣ аз сулҳ, узви Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, узви Кумитаи Шӯравии ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африко буд. Муъмин Қаноат нимаи дуюми рӯзи 18 майи соли 2018 дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав ш Душанбе вафот кард. Маросими дафни Муъмин Қаноат рӯзи 19 май доир гардид ва дар Лучоб ба хок супорида шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Муъмин Қаноат нисбати марги ӯ изҳори таслият кардааст.[3]
ОсорВироиш
Нахустин маҷмӯаи ашъори Муъмин Қаноат соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида буд. Соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард. Ин достонҳо сипас чун осори сарфарозшуда ба ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо мунташир ва ба дигар забонҳо баргардон шудаанд: аз он ҷумла, ба русӣ «Голоса Сталинграда», «Советский писатель», М., 1979 ва нашриёти «Ирфон» (1979), дар Фрунзе ва Нуқусе (1980). Чопи қирғизии ин осор «Достони Оташ» ва ғазалҳои устодро низ дар бар дошт. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. То кунун беш аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Тоҷикистон — исми ман», «Гаҳвораи Сино», «Масъуднома» ва силсилаи «Созҳои Шероз» ӯро аз маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 кардаанд. Яке аз тозатарин осораш достони «Масъуднома» аст, ки дар бораи Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд суруда шудааст.
Мукофот ва ҶоизаҳоВироиш
- Шоири халқии Тоҷикистон,
- ордени Нишони Байрақи Сурхи Меҳнат,
- «Нишони Фахрӣ»,
- Сипосномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Беларус,
- нишонҳои ифтихории КМ ВЛКСМ «Барои кори сахткӯшона», «Барои ширкати фаъол дар кори комсомол» ва дигарҳо сарфароз гардондаанд.
- Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977),
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1980).[4]
КитобшиносӣВироиш
Шеър дар васфи забони тоҷикӣВироиш
муаллиф Мӯъмин Қаноат
|
сарчашма=http://www.cit.tj/mumin/sherho.php?id=zabontoj_sher_asarho Муъмин Қаноат БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
ЁдгорӣВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Муъмин Қаноат дар сомонаи www.pisateli.freenet.tj (Писатели Таджикистана) // «Писатели Таджикистана», Душанбе: «Ирфон», 1986. 9 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 январи 2010.
- ↑ ПАЁМИ ТАСЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПАЙВАНДОНИ МӮЪМИН ҚАНОАТ(пайванди дастнорас)
- ↑ Муъмин Қаноат
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи Мӯъмин Қаноат дар ноҳияи Дарвоз(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20221108T1840+0500). 9 ноябри 2022 санҷида шуд.