Ҷузеппе Габриели
Ҷузеппе Габриели (итол. Giuseppe Gabrieli; 1872—1942) — шарқшинос ва китобшиноси итолиёӣ.
Таърихи таваллуд | 4 апрел 1872[1][2][3] |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 7 апрел 1942[1][2][3] (70 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар |
Зиндагинома
вироишДар донишгоҳи Рум аз фанни забон ва адабиёти араб дарс медод. Баъд аз он, дар Академияи миллии Линча китобдор буд. Габриели Ҷузеппе дар бораи осору рӯзгори Хансо — шоираи араби давраи пеш аз ислом таҳқиқот анҷом додааст. Ӯ «Рисолаи китобшиносии исломӣ» (1916), «Сират»-и Ибни Ҳишом (1919) ва соли 1924 «Феҳристи китобҳои арабӣ дар Итолиё»-ро нашр кард. Ба қалами ӯ «Нусхаҳои хаттӣ ва нақшаҳои шарқӣ дар китобхонаҳо ва бойгониҳои Итолиё» (1930), «Нусхаҳои хаттии форсӣ марбут ба Фирдавсӣ дар Итолиё» (1935), «Китобшиносӣ, пажӯҳишҳои шарқӣ дар Итолиё аз 1913 то 1934» (1935), мутааллиқанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
- ↑ 3.0 3.1 https://www.aib.it/aib/editoria/dbbi20/gabrieli.htm (итол.) / Associazione Italiana Biblioteche
Адабиёт
вироиш- دانشنامۀ دانش گستر. جلد ١٣. تهران، ١٣٨٩ ش
Сарчашма
вироиш- Габриелле Ҷузеппе // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.