Ҷулиус Акселрод (30 майи 1912, Нию-Ёрк – 29 декабри 2004, Роквилл, Мэриленд) — биохимик ва фармакологи америкоӣ, узви Академияи санъат ва илми Америка (1971), Академияи миллии илмҳои ШМА (1971), узви хориҷии Ҷамъияти шоҳигарии Лондон (1979).

Ҷулиус Акселрод
англ. Julius Axelrod
Таърихи таваллуд 30 май 1912(1912-05-30)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 29 декабр 2004(2004-12-29)[4][5][6][…] (92 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ зистшимӣ[12], дорӯшиносӣ, улуми аъсоб[d][12] ва neurochemistry[d][12]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи Сити-Коллеҷи Нию-Ёрк. Соли 1933 унвони бакалаврро соҳиб гашт. Дар кафедраҳои Донишгоҳи Нию-Ёрк фаъолият кардааст. Соли 1941 унвони магистрро гирифт. Корманди шуъбаи тадқиқоти илмии госпитали Донишгоҳи Нию-Ёрк (1941 – 46), Институти миллии кардиологии штати Мэриленд (1946 – 49). Роҳбари шуъбаи фармакологияи лабораторияи ҳамин институт (аз 1955). Акселрод оид ба масъалаҳои ошкор сохтани тарзи таъсири доруҳои рӯҳгиро (психотропӣ), ки барои муолиҷаи шизофрения, девонаавзоӣ ва афсурдарӯҳӣ истифода мешаванд, пажӯҳишҳо анҷом додааст. ӯ исбот намуд, ки кокаин ва резентин дар мубодилаи катехоламинҳо ширкат варзида, басомад ва миқдори медиаторро дар ҳубобчаҳо тағийр медиҳанд. Мавзӯи тадқиқоти солҳои 60-уми Акселрод таъсири медиаторҳоро ба ҳосилшавии гормонҳо дар бар мегирифт. Соли 1970 барои кашфи ноқилони хаттӣ дар нӯги торҳои асаб ва тариқаи нигоҳдошт, ихроҷ ва нофаъолсозии онҳо сазовори Мукофоти Нобел (ҳамроҳи Кас Бернард ва Эйлер Улф Фон) гардидааст.

Сарчашма

вироиш