Олмон
Ҷумҳурии Федеролии Олмон (олмонӣ: Bundesrepublik Deutschland) ё Олмон (олмонӣ: Deutschland) — кишвар дар Аврупои Марказӣ. Масоҳати он 357.578 км² буда, аҳолии он (мувофиқи маълумотҳои омор аз 31 декабри соли 2018) беш аз 83 млн. нафар иборат аст.
Шиор: «Einigkeit und Recht und Freiheit» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Федеративии Олмон|Das Lied der Deutschen ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | |
Забони расмӣ | Забони олмонӣ |
Пойтахт | Берлин |
Шаҳри калонтарин | Берлин, Франкфурти лаби Майн, Мюнхен, Штуттгарт ва Бонн |
Идораи давлат | Демократияи парлумонӣ |
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
62-ум ҷой дар ҷaҳон 357 578 км² 2,46 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (31.12.2018) • Зичӣ |
-ум ҷой дар ҷaҳон 83.019.213 232 нафар/км² |
Пули миллӣ | Евро |
Интернет-Домен | .de (ва .eu) |
Коди телефон | +49 |
Соат | UTC |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Ин мақола бояд ба таври комил бознависӣ шавад. |
Дар нусхаи забонии дигар мақолаи пурратар аст: Germany (англ.).
Шумо метавонед мақоларо бо иловаи тарҷума муфассалтар кунед ва ба лоиҳа кӯмак кунед. Дар ҳамин ҳол, бинобар риояи қоидаҳои нашр, шаблони {{Мақолаи тарҷумашуда}}-ро дар саҳифаи баҳс ишора кунед, ё пайвандро ба саҳифаи манбаъ (сарчашма) дар шарҳи вироиш нишон диҳед. |
Таърих
вироишОлмон як таърихи бузургу бой дорад, ки пур аз воқеаҳо мебошад. Дар таърихи Олмон воқеаҳо ва шахсони бузурги хуб ва дар як вақт ба ҳам буданд, ки ба сари Олмон ва халқи бузурги Олмон бадбахтиҳо оварда буд.
Сиёсат ва ҳукумат
вироишБахшбандии кишварӣ
вироишТақсимоти маъмурӣ
вироишОлмон — кишвари федеративӣ буда, ба он 16 субъектҳои баробарҳуқуқ— заминҳо (Bundesländer) дохил мешаванд, ки сетои онҳо — шаҳрҳоянд (Берлин, Бремен ва Ҳамбург).
Замин | Пойтахт | Номи олмонии замин | Номи олмонии пойтахт |
---|---|---|---|
1. Баден-Вӯрттемберг | Штуттгарт | Baden-Württemberg | Stuttgart |
2. Кишвари озоди Бавария | Мюнхен | Freistaat Bayern | München |
3. Берлин | Берлин | Berlin | Berlin |
4. Бранденбург | Потсдам | Brandenburg | Potsdam |
5. Шаҳри озоди ҳанзеи Бремен | Бремен | Freie Hansestadt Bremen | Bremen |
6. Шаҳри озод ва ҳанзеи Ҳамбург | Ҳамбург | Freie und Hansestadt Hamburg | Hamburg |
7. Ҳессен | Висбаден | Hessen | Wiesbaden |
8. Мекленбург-Форпоммерн | Шверин | Mecklenburg-Vorpommern | Schwerin |
9. Саксонияи Поёнӣ | Ҳаннофер | Niedersachsen | Hannover |
10. Райн-Вестфалени шимолӣ | Дӯсселдорф | Nordrhein-Westfalen | Düsseldorf |
11. Райнланд-Пфалс | Майнс | Rheinland-Pfalz | Mainz |
12. Заар | Заарбрӯккен | Saarland | Saarbrücken |
13. Ҷумҳурии озоди Саксония | Дрезден | Freistaat Sachsen | Dresden |
14. Саксония-Анҳалт | Магдебург | Sachsen-Anhalt | Magdeburg |
15. Шлезвиг-Ҳолштайн | Кил | Schleswig-Holstein | Kiel |
16. Ҷумҳурии озоди Thüringen | Эрфурт | Freistaat Thüringen | Erfurt |
Тақсимоти хурд аз 438 ҳавзаҳо иборат аст (Kreise).
Ҷуғрофия
вироишИқтисод
вироишАҳолӣ
вироишАҳолии Ҷумҳурии Олмон — 83.019.213 нафар (аз 31-уми декабри соли 2018) аст. Аз ҷумла 7,3 млн аҳолиро асосан мардуми ғайри олмонӣ, яъне хориҷиён ташкил медиҳанд, ки ин 8,9 фоизи аҳолии Ҷумҳурии Олмонро ташкил медиҳад. Коэффитсиенти таваллуд дар Олмон ниҳоят паст буда, ба 1000 нафар аҳолӣ ҳамагӣ 9 кӯдак рост меояд. Олмониҳо мардуми камфарзанд буда, ба ҳар сар зан 1,3 кӯдак рост меояд. Бо вуҷуди ин афзоиши шумораи аҳолӣ дар солҳои охир аз ҳисоби муҳоҷироне ки аз давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба Олмон баргаштаанд (тахминан 3 млн.), мӯътадил боқӣ монд. Ҳар як чорумин нафар дар шаҳр ва ҳар як ҳафтумин нафар дар деҳот танҳо зиндагӣ мекунад. Миқдори падару модароне ки яккаву танҳо ба тарбияи фарзанд(он) машғуланд, тақрибан ба 2,4 миллион нафар мерасад. Қисми зиёди онҳоро занҳо ташкил медиҳанд. Олмониҳо мардуми дарозумр буда, синни мардон ба ҳисоби миёна ба 74,4 ва синни занон бошад ба 80,6 рафта мерасад.
Олмониҳо мувофиқи сарқонуни ҶФО ҳукуқи озодона интихоб кардани ҷои зисти худро доранд. Баъд аз имзо кардани созишномаи Шенген онҳо ҳатто метавонанд ба кишварҳои дигари узви ин созишнома сафар карда, манзили доимии худро интихоб кунанд. Соли 2002 олмониҳо бо пули миллии худ – Дойчмарк видоъ карда, пули нави Иттиҳоди Аврупоро (Евро)-ро қабул карданд.
Фарҳанг ва маориф
вироишПайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |