Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ

давлати эътирофнашуда дар Қафқоз

Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ (арманӣ. Լեռնային Ղարաբաղի Հանրապետություն), номи арманӣ — Ҷумҳурии Артсах (арманӣ. Արցախի Հանրապետություն) – ҷумҳурии эътирофнашуда[9] дар Трансқафқоз, эълоншудаи 2 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи муштараки Шӯрои вакилони халқии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ ва ноҳияи Шаумяни ҶШС Озарбойҷон дар ҳудуди Вилояти мухтори Кӯҳистони Қарабоғ ва ноҳияи ҳамсарҳади Шаумяни ҶШС Озарбойҷон.

Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ
арманӣ. Արցախի Հանրապետություն[1]
Парчам[d]Coat of arms[d]
Таърихи таъсис 2 сентябр 1991
Номи расмӣ арманӣ. Արցախի Հանրապետություն[2]
Номи кӯтоҳ Արցախ
Аҳолӣ Kharabají, artsají, қарабоғӣ, Artsakhiote[3], карабахец ва арцахец
Забони расмӣ арманӣ ва русӣ[4]
Гимн Azat u ankakh Artsakh[d]
Қитъа Осиё
Пойтахт Ханкенди
Минтақаи замонӣ UTC+4
Мавқеият Қафқоз
Навъи ҳукумат Ҷумҳурӣ
Фармонраво President of Artsakh[d]
Сарвари давлат Samvel Shahramanyan[d][5]
Вазифаи сардори ҳукумат President of Artsakh[d]
Сарвари ҳукумат Bako Sahakyan[d]
Маҷлис National Assembly of Artsakh[d]
Робитаҳои дипломатӣ Абхозистон, Ҷумҳурии молдовии назди соҳили дарёи Днестр[d] ва Осетияи Ҷанубӣ
Шумораи аҳолӣ
Зербахш Shahumyan Province[d], Shushi Province[d], Martuni Province[d], Martakert Province[d], Kashatagh Province[d], Hadrut Province[d] ва Askeran Province[d]
Пули миллӣ Artsakh dram[d] ва Драми Арманистон
Дорои Khankendi Stadium[d]
Ҳаммарз бо Арманистон ва Озарбойҷон
Таърихи фурӯпошӣ 1 январ 2024[7]
Масоҳат
  • 3,17 км²[8]
Хештеги արցախ
Тасвири нақшаи мавқеият
Ҷуғрофиё Q4135632?
Economy of topic economy of the Nagorno-Karabakh Republic[d]
Demographics of topic demographics of the Nagorno-Karabakh Republic[d]
Рамзи давлатии телефон +37447
Emergency phone number 112[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Тибқи тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳудуди идорашавандаи ҶҚК, қисми Озарбойҷон аст.

Дар шимоли минтақаи ҷуғрофии Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ ва шимолу шарқи паҳнкӯҳи Арман ҷойгир аст. Аз ғарб бо Арманистон, аз шимолу шарқ бо Озарбойҷон ва аз ҷануб бо Эрон сарҳад дорад. Масоҳат — тақр. 11 500 км².

Аҳолӣ тибқи пешбинии барӯйхатгирии соли 2015 — 150 932 нафар. Дини афзал – масеҳӣ.

Пойтахт ва шаҳри калонтарин — Степанакерт (Ханкенди).

Этимология

вироиш

Таърих

вироиш

2 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи якҷояи Шӯроҳои вакилони халқи Кӯҳистони Қарабоғ ва ноҳияи Шаумян Эъломия дар бораи эълом шудани Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғ ва ноҳияи ҳамшафати Шаумяни ҶШС Озарбойҷон қарор қабул карда шуд [10].

10 декабри соли 1991 райъпурсӣ оид ба мақоми ҶҚК баргузор гардид, ки 99,89% иштирокчиёни он ба тарафдории истиқлоли он овоз доданд. Ин фоиз аз он сабаб ба даст оварда шудааст, ки раъйпурсӣ аз ҷониби аққалиятҳои озарбойҷонӣ (23% шумораи умумии аҳолӣ) бойкот карда шудааст.[11] То ҳоло, раъйпурсӣ аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ эътироф карда нашудааст. Ба гуфтаи муҳаққиқи олмонӣ Йоханнес Рау, бинобар вазъи душвори амниятӣ ва таъқибот алайҳи аҳолии Озарбойҷон, ин раъйпурсӣ наметавон қонунӣ ҳисобида шавад.

Илова бар қаламрави ВМКҚ ва ноҳияи Шаумяни Озарбойҷон, раъйпурсӣ инчунин дар як қисми қаламрави Ноҳияи Хонлар баргузор гардид, ки баъдтар дар минтақаи Қарабоғ ва Арманистон номи зерноҳияи (подрайон) Геташенро гирифт, ки он тавре, ки мақомоти СММ нишон медиҳанд, вуруди ин қаламравро ба Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ таъмин кардааст [12][13][14].

6 январи соли 1992 парлумони ҶҚК даъвати аввал - Шӯрои Олии Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ эъломия "Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ" -ро қабул кард. Баъд аз эълони истиқлол муноқишаи тақрибан чаҳорсолаи Арманистону Озарбойҷон ба амал омад, ки боиси шумораи зиёди қурбониён ва гурезагон дар ҳарду ҷониб гардид [15][16], ки дар натиҷаи истифодаи хушунати азим, тозакунии қавмӣ бар зидди ақалияти озарбойҷониҳо ба амал омадаанд. Дар солҳои 19911994 муноқишаи низомӣ байни Ҷумҳурии Кӯҳистони Қарабоғ ва Озарбойҷон сар зад, ки дар ҷараёни он озарбойҷониҳоро арманиҳо аз қаламрави собиқ ноҳияи Шаумяни ҶШС Озарбойҷон ва як қисми Қарабоғи Кӯҳӣ ронданд ва Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ, ки аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон дастгирӣ мешуд, назорати якчанд минтақаи Озарбойҷонро, ки дар шафати Қарабоғи Кӯҳӣ ҷойгир буданд, ташкил кард ва аҳолии муқимии озарбойҷониҳоро аз ин қаламрав ронд, ва чунин амали тоҷовузкоронаро Шӯрои Амнияти СММ соли 1993 ҳамчун ишғоли қаламрави Озарбойҷон аз ҷониби артиши Арманистон ҳисобид[17][18][19][20].

Муноқишаи низомӣ бо Озарбойҷон

вироиш

Низои якуми Қарабоғи Кӯҳӣ

вироиш

Дар солҳои 1991—1994 ин муқовимат ба амалиёти густардаи низомӣ барои назорат бар Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ ва баъзе қаламравҳои шафати он оварда расонд. 5 майи соли 1994 байни Арманистон ва Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ аз як тараф ва Озарбойҷон аз тарафи дигар Протоколи Бишкек дар бораи яроқ ва оташбас ба имзо расид. Дар давраи аз 9 май 11 майи соли 1994 созишномаи оташбас аз 12 майи соли 1994 ба имзо расид. Дар натиҷаи ҷанг, аксари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Қарабоғи пешини ҶШС Озарбойҷон ва минтақаҳои ҳамсоя, 7 ноҳияи Озарбойҷон бо долони автомобилгарди Лочин (дар ноҳияи Лочин), аз ҷумла онҳое, ки робитаи байни Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ ва Арманистонро таъмин мекарданд, таҳти назорати ҶҚК монданд.

Низои дуюми Қарабоғи Кӯҳӣ

вироиш

Ҳангоми низои мусаллаҳонаи нав дар Қарабоғи Кӯҳӣ дар тирамоҳи соли 2020, Қувваҳои Мусаллаҳи Озарбойҷон қаламравҳои назаррас дар Қарабоғи Кӯҳиро таҳти назорати худ гирифтанд, аз ҷумла шаҳри аз ҷиҳати стратегӣ муҳим Шушаро [21]. Дар ҷараёни амалиёти ҷангӣ, ки 27 сентябри соли 2020 байни қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ва неруҳои мусаллаҳи ҶҚК ва Арманистон оғоз ёфт, артиши Озарбойҷон назорати тамоми дарозии марзи Озарбойҷон ва Эронро ба даст гирифта, ба шимол ҳамла оғоз кард то ин ки долони Лочинро бурида, шаҳри Шушаро забт кунад. То 4 ноябри соли 2020 артиши Озарбойҷон ба шаҳри Шуша наздик шуда дар Теппаҳои атрофи он камин гирифт [22]. Дар рӯзҳои минбаъда, дар натиҷаи задухӯрдҳои шадид, ҷузъу томҳои махсуси озарбойҷонҳо тавонистанд, ки нируҳои низомии ҶҚК ва Арманистонро мағлуб намуда, шаҳрро ишғол кунанд ва ба он соҳиб шаванд. 8 ноябри соли 2020 Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев эълон кард, ки артиши Озарбойҷон назорат бар Шушаро ба даст гирифтааст.[23] Рӯзи дигар мақомоти Қаробоғи Кӯҳӣ маҷбур шуданд тасдиқ кунанд, ки нерӯҳои Арманистон дигар Шушаро назорат намекунанд.[24]. Мақомоти роҳбарикунандаи неруҳои низомӣ ва ҳукаматдории ҶҚК ва Арманистон мағлубияти хешро баъд аз 44 рӯзи ҷанг аз Озарбойҷон маҷбур шуданд пазиранд.

Ин амалиётҳои ҷангӣ нимашаби 10 ноябри соли 2020, пас аз чанд соати имзои Изҳороти оташбас аз ҷониби сарони Озарбойҷон, Арманистон ва Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ, ба поён расиданд.[25]. Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ва Президенти Федератсияи Русия дар бораи оташбаси комил ва ҳама гуна ҷангҳо дар минтақаи низои Қарабоғ аз 10 ноябри соли 2020 нашр шуд. Созишнома, аз ҷумла, ба шарте, ки тамоми қаламрави ҳангоми амалиёти ҷангӣ ишғолшуда таҳти назорати Озарбойҷон боқӣ монад [26].

Созишномаи оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ

вироиш

Рӯзи 9 ноябри соли 2020 Сарвазири Арманистон Никол Пашинян эълом дошт, ки бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ва президенти Русия Владимир Путин дар бораи қатъи амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ба созиш расидааст.[26] Тибқи иттилои ArmInfo, тибқи созишнома, нерӯҳои посдорони сулҳи Русия ба минтақа оварда мешаванд ва Арманистон то 20 ноябр ноҳияҳои Ақдам, Келбаҷар ва Лочинро ба Озарбойҷон бармегардонад. Президенти Русия Владимир Путин низ истиқрори нерӯҳои посдори сулҳ дар минтақаро тасдиқ кард.

“9 ноябр Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Пашинян ва Президенти Федератсияи Русия изҳороте ба имзо расониданд, ки аз 10 ноябри соли 2020 оташбаси комил дар Қарабоғи Кӯҳистониро талаб мекунанд”,

[27]

.

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия аллакай вориди минтақае шуданд, ки марзи Арманистон ва Озарбойҷон бо ҳам вомехӯранд. Субҳи рӯзи сешанбе вазорати дифои Русия тасвирҳоеро нашр кард, ки дар он корвони техникаи низомӣ ба самти фурудгоҳи Уляновск ҳаракат мекунад. Ин контингент дар заминаи дивизияи 15-уми тирандозии мототехникии Округи марказии ҳарбӣ ҷойгир аст. Даҳ ҳавопаймо бо сарбозони Русия ба минтақаи низоъ парвоз карданд.

Тибқи иттилоъи вазорати дифоъи Арманистон, истиқрори нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғи Кӯҳӣ аллакай оғоз шудааст.

Дар ҳоли ҳозир, амалиёти низомӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ комилан боздошта шудааст. Сарвазири Арманистон Никол Пашинян аз ҳамватанонаш бахшиш пурсид.

Сарвазири Арманистон Никол Пашинян дар паёмаш дар Фейсбук гуфтааст, ки вай тасмим гирифтааст, ин санади "дарднокро" дар натиҷаи

"таҳлили амиқи вазъи ҳарбӣ ва арзёбии одамоне, ки беҳтарин мутахассисон дар назорати вазъ мебошанд"

[28]

имзо кардааст. Вай чунин иқдомро дар шароити кунунӣ беҳтарин номид ва гуфт, ки қатъи амалиёти низомӣ на пирӯзӣ аст ва на мағлубият.[29] Президенти Арманистон Армен Саркисян гуфт, ки вай дар бораи созишномаи Қарабоғи Кӯҳӣ тавассути расонаҳо маълумот гирифтааст.

“Ҳамчун Президенти ҷумҳурӣ, мутаассифона, ба ман машварат накардаанд, ин ҳуҷҷат муҳокима нашуд ва ман дар гуфтушунидҳо ширкат накардам”

[30]

гуфт ӯ. Вай гуфт, ки созишномаи оташбас бояд “мавзӯи машварат ва муҳокимаи ҳамаҷониба” гардад ва машваратҳои сиёсӣ

“барои зудтар ба даст овардани созиш дар бораи қарорҳое, ки аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ба даст омадаанд”

[30]

оғоз карда мешаванд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев низ ба мардум муроҷиат кард. Вай гуфт, ки созишнома ба манфиати халқҳои Озарбойҷон ва Арманистон қабул карда шудааст ва нерӯҳои Туркия барои назорати дуҷонибаи Изҳорот ҳамроҳи намояндагони неруҳои Русия ба сафи нерӯҳои посдори сулҳ шомил карда хоҳанд шуд. Алиев шартҳои созишномаро номбар кард ва дар ҷанги Қарабоғи Кӯҳӣ ғалабаи қатъии Озарбойҷонро эълон кард.

Ба гуфтаи Илҳом Алиев, “ҳаракатҳои фаъол дар марҳилаи низомӣ қатъ шуданд, марҳилаи сиёсӣ оғоз ёфт.”

«Мо нишон додем, ки роҳи ҳалли низоъ низ вуҷуд дорад. Мо санадеро имзо кардем, ки барои мо бениҳоят муфид аст. Пашинян ба ҷуз имзо кардан чораи дигаре надошт. То он даме, ки ман президент ҳастам, Қарабоғ ҳеч мақоми махсусе нахоҳад дошт! ”

Илҳом Алиев

Дар навбати худ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова иддаои Илҳом Алиевро дар бораи он, ки сарбозони Туркия ба ҳайати нерӯҳои посдори сулҳ дохил мешаванд, рад кард.

Шартҳои асосии Созишномаи байни Озарбоҷону Арманистон

вироиш

Хабаргузории ArmInfo аз матни ин санад иқтибос овард. Ба гуфтаи ӯ, як контингенти неруҳои посдорони сулҳи Русия “дар тӯли хатти тамос дар Қарабоғи Кӯҳӣ ва долон дар Лочин” мустақар хоҳад шуд, ки иборат аз 1960 нафар хизматчиёни ҳарбӣ бо силоҳҳои оташфишон, 90 зиреҳпӯш, 380 мошин ва техникаи махсус мебошад.[27]

Нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар минтақаи муноқиша 5 сол хоҳанд буд, ки бо розигии ҷонибҳо 5 соли дигар тамдид карда мешавад.[27]

Арманистон ба Озарбойҷон қаламравҳоеро бармегардонад, ки дар тӯли Иттиҳоди Шӯравии собиқ ба Қарабоғи Кӯҳӣ дохил намешуданд ва дар ибтидои солҳои 90 ишғол шуда буданд. Арманистон бояд ноҳияи Келбаҷарро то 15 ноябр ва ноҳияи Лочинро то 1 декабр ба Озарбойҷон супорад. Арманиҳо барои пайваст кардани Қарабоғи Кӯҳӣ бо Арманистон долони Лочинро (бараш 5 км) нигоҳ медоранд. Ин долонро неруҳои посдорони сулҳи Русия ҳифз мекунанд.[26]

Ҳудуди Ҷумҳурии эътирофнашудаи Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 2020 аз ҳисоби қаламравҳое, ки нерӯҳои Озарбойҷон дар давраи ҷанг ишғол кардаанд, кам карда мешавад.[27] Дар қатори дигар ноҳияҳо, арманиҳо аз шаҳри Шуша, ки яке аз шаҳрҳои асосии Қарабоғ аст (аз ҷиҳати стратегӣ ва рамзӣ) ҷудо карда шудаанд, ки онро низомиёни озарӣ рӯзҳои 7-9 ноябр ишғол карда буданд. Ханкенди (Степанакерт), ки аз Шуша 10 км дур аст, таҳти назорати Арманистон боқӣ хоҳад монд.

Ҷуғрофия

вироиш

Тақсимоти маъмурӣ

вироиш
  1. https://web.archive.org/web/20110526142019/http://www.nkr.am/hy/constitution/9/
  2. http://www.nkr.am/hy/constitution/9/
  3. https://www.haut-karabagh.com/declaration-du-mae-artsakhiote-sur-la-construction-dune-nouvelle-route-reliant-lartsakh-a-larmenie/
  4. https://lenta.ru/news/2021/03/25/nkr/
  5. Սամվել Շահրամանյանն ընտրվել է Լեռնային Ղարաբաղի նախագահ
  6. http://stat-nkr.am/files/publications/joxovrdagrakan_2012.pdf
  7. https://www.lemonde.fr/international/article/2023/09/28/la-republique-separatiste-du-haut-karabakh-va-s-autodissoudre_6191377_3210.html
  8. https://www.kavkaz-uzel.eu/blogs/83781/posts/45972
  9. C. Маркедонов. СНГ-2. Феномен непризнанных государств на постсоветском пространстве. По материалам Информационно-аналитического бюллетеня «ЕвроАзия». М., 2006 г., август(пайванди дастнорас — таърих). Кафедра стран постсоветского зарубежья РГГУ (10 сентябри 2006). 10 октябри 2009 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 апрели 2012.
  10. Декларация о провозглашении Нагорно-Карабахской Республики(пайванди дастнорас — таърих). 3 августи 2012 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 ноябри 2012.
  11. Сванте Корнелл. «Конфликт в Нагорном Карабахе: динамика и перспективы решения».
  12. Сайт президента НКР. История образования
  13. Нагорный Карабах: рискуя войной
  14. ГНО «Центр геодезии и картографии» государственного комитета кадастра недвижимости при правительстве РА по заказу государственного комитета кадастра и недвижимости при правительстве Нагорно-Карабахской Республики Административно-территориальное деление // Атлас Нагорно-Карабахской Республики. — Ереван: Тигран Мец, 2009. — С. 10-11. — 95 с. — 1500 экз. — ISBN 978-99941-0-336-2 (рус.)
  15. Центральная Азия и Кавказ. База данных. 30 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 ноябри 2020.
  16. Фотографии
  17. Резолюция СБ ООН № 822 от 30 апреля 1993 года
  18. Резолюция СБ ООН № 853 от 29 июля 1993 года
  19. Резолюция СБ ООН № 874 14 октября 1993 года
  20. Резолюция СБ ООН № 884 от 12 ноября 1993 года
  21. Почему Азербайджан выиграл войну в Карабахе? Отвечают военные эксперты(рус.). BBC News Русская служба (11 ноябри 2020). 11 ноябри 2020 санҷида шуд.
  22. Участок дороги Шуши-Бердзор закрыт для гражданских, Sputnik Армения (04.11.2020).
  23. Президент Ильхам Алиев: Город Шуша освобожден от оккупации
  24. Азербайджанские военные приблизились к Степанакерту, заявили в Карабахе(рус.). ria.ru. 9 ноябри 2020 санҷида шуд.
  25. Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации(рус.). Президент России. 11 ноябри 2020 санҷида шуд.
  26. 26.0 26.1 26.2 Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации
  27. 27.0 27.1 27.2 27.3 Заявление Президента Азербайджанской Республики, Премьер-министра Республики Армения и Президента Российской Федерации
  28. Конец войны в Карабахе. Стороны договорились о вводе в регион российских миротворцев, BBC News Русская служба. Проверено 11 ноябри 2020.
  29. Война будет приостановлена: Пашинян сообщил о трудном для него решении
  30. 30.0 30.1 Президент Армении узнал из СМИ о договоренности по Карабаху