Ҷунайд Аркин
Ҷунайд Аркин (тур. Cüneyt Arkın); номи пурра Фахриддин Ҷуреклибатир (тур. Fahrettin Cüreklibatır; 7 сентябр 1937, деҳаи Гокчеоғлу, Алпу, Эскишаҳр - 28 июн, 2022, Истанбул, Туркия) — ҳунарпеша, коргардон ва продюсери машҳури турк.
тур. Cüneyt Arkın | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Fahrettin Cüreklibatır |
Таърихи таваллуд: | 7 сентябр 1937 |
Зодгоҳ: | Алпу, Эскишаҳр, Туркия |
Таърихи даргузашт | 28 июн 2022[1] (84 сол) |
Маҳалли марг: | Истанбул, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: |
ҳунарпеша коргардон продюсери филм |
Корнома: | 1963–2022 |
Ҷоизаҳо: |
Golden Orange Life Achievement Award T.C. Kültür ve Turizm Bakanlığı Kültür ve Sanat Büyü |
IMDb: | ID 0035067 |
cuneytarkin.com.tr(тур.) |
Аркин пизишки тиб ва устоди санъати ҳарбӣ зиёда аз 7 шаклҳои мухталиф аст. Ӯ зиёда дар 310 филм ва силсилафилмҳои телевизионӣ нақш офаридааст ва яке аз маъруфтарин ҳунармандони турк дар ҳама давр дониста мешавад. Филмҳои ӯ ҳатто дар хориҷ намоиш дода шудаанд.
Филмҳои барҷастаи ӯ драмаҳои таърихие мебошанд, ки дар асрҳои аввали империяи Усмонӣ ё каме қаблро дар бар мегирад. Ба мисли "Malkoçoğlu Cem Sultan", бо вуҷуди муваффақиятҳои ин гуна филмҳо, ӯ инчунин дар филмҳои сиёсӣ дар охири солҳои 70-ум ширкат варзидааст, ки маъруфтаринаш "The Adam Trilogy"-и коргардон Рамзӣ Айдин Ҷонтурк мебошад.
Аркин дар хориҷа бо филми "Dünyayı Kurtaran Adam" шинохта шудааст, ки коргардонаш Этин Инанч мебошад.
Ҷунайд зиёда аз 20 филмро коргардонӣ намудааст, аз он ҷумла:Bir Kaç Güzel Gun Için, Şafak Sökerken, Üç Tatlı Bela, Şafak ва Oğulcan.
Охирин филме, ки ӯ нақш офаридааст соли 2014 "Panzehir" мебошад ва нақшҳои асосиро худаш ва Амин Бозтепа иҷро намудаанд.
Зиндагинома
вироишДар деҳаи Карачайи назди Эскишаҳр таваллуд шудааст. Падари ӯ Ҳоҷи Ёқуб дар ҷанг барои Истиқлолият иштирок намудаааст. Аслаш тоторҳои Қрим мебошад. Дар шуъбаи тиббии Донишгоҳи Истнбул таҳсил кардааст. Ӯ дар вилояти Эскишаҳр хидмати ҳарбӣ намудааст.
Ӯ дар аспсаворӣ ва карате таҷриба дорад. Ғайр аз ҳунарнамоӣ, ӯ намоишҳои телевизионӣ иштирок намудаааст. Якчанд муддат дар рӯзномаҳо барои тандурустӣ кор кардааст. Соли 2009, ӯ ба муддати се моҳ дар беморхона барои муолиҷаи асаб дар сутунмуҳра табобат гирифтааст.
Фаъолият
вироишҲангоми хидмат ба ҳайси афсари эҳтиётӣ дар зодгоҳаш Эскишаҳр, ӯ диққати коргардон Холид Рефишро ҳангоми банаворгирии филми Шафак Бекчилери (1963) бо Гоксел Арса дар нақши асосӣ ҷалб намуд. Пас аз хатми хидмати ҳарбӣ ӯ дар Адана ва атрофи он кор мекард. Соли 1963 ӯ дар маҷаллаи Artist ҷоизаи аввалинашро ба даст овард. Дар ҷустуҷӯи кор, Ҷунайд муддате дар соли 1963 бо пешниҳоди Холид Рефин ба наворгирии филм оғоз кард ва дар тӯли ду сол тақрибан дар 30 филмро ба нақш офаридааст.
Дар саҳнаи филми ҷангии Gurbet Kuşları дар охири соли 1964, нақш офаридааст, ки ин як пешрафт дар фаъолияти ӯ буд. Пас аз иҷрои нақшҳои қаҳрамонони ошиқ ва ҷаззоб ӯ ба филмҳои жанри ҷангӣ ва ҳарбӣ бо пешниҳоди гузашт ва пешниҳоди Халил Рафиқ. Дар муддати шаш моҳ ӯ акробатикаро дар сирки маҳаллии Медранои Истанбул омӯхт. Ҳар он чи, ки ӯ омӯхт дар филмҳои чандқисмаи Malkoçoğlu ва Battal Gazi Destanı дар экрани калон нишон дод, ки ӯ ба синамо як услуби наверо пешниҳод намуд ва ин қаблан набуд. Дере нагузашта ӯ дар филмҳои моҷароӣ аз ҳама серталабтарин ҳунарпеша гардид. Гарчанде ки ӯ фаъолияти касбии худро бо филмҳои мелодраммавӣ оғоз кардааст аммо дар филмҳои ҳарбӣ идома додааст, ки тақрибан қаҳрамони ӯ дар ҳамаи филмҳо мемирад. Дар тӯли фаъолияти худ, ӯ дар жанрҳои мухталиф аз вестерн то ҳаҷв, аз филмҳои моҷароӣ то филмҳои иҷтимоӣ кор кардааст. Хусусан Maden (1978) ва Vatandaş Rıza (1979) дар фаъолияти ӯ ҷои махсусро ишғол мекунанд.
Соли 1982, ӯ дар филми "Dünyayı Kurtaran Adam нақш бозид, як услуби маҳаллии Ҷанговарони ситоравӣ мебошад, ки ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар филми муваффақ ба ҳисоб меравад.
Ҳаёти шахсӣ
вироишСоли 1964, ӯ ба ҳамкурси худ Гулен Мокан издивоҷ кард, ки ӯ низ ҳамчун табиб кор кардааст, ду сол пас издивоҷ духтараш Филиз таваллуд шуд, аммо пас аз як сол онҳо ҷудо шуданд. Соли 1970 бо Бетул Исчил хонадор шуд, ки дар Швейтсария таҳсил карда буд. Онҳо ду писар доранд, Каан ва Мурод[2].
Чанд муддат ӯро барои майзадагӣ муолиҷа карданд, бораи машрубот, нашъамандӣ ба ҷавонон конфронсҳои зиёдеро гузаронидааст ва бисёр ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо гирифтааст.
Даргузашт
вироишҶунайд Аркин рӯзи 28-уми июни соли 2022 пас аз сактаи қалб дар хона дар бемористони Истанбул даргузашт. 30 июн дар қабристони Зинҷирликую ба хок супурда шуд.
Филмнома
вироишСилсилафилм ва филмҳо
вироишҲамчун ҳунарпеша
вироиш
|
|
|
|
Ҳамчун коргардон
вироиш
|
|
|
Ҷоизаҳо
вироишФилмҳо | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Ҷоиза | |
1963 | "Мукофоти аввал" | Artist Mecmuası, Artist Yarışması | Баранда |
1969 | "Беҳтарин ҳунарпешаи мард", (İnsanlar Yaşadıkça) | Antalya Altın Portakal Film Festivali | Баранда |
1972 | "Беҳтарин ҳунарпешаи мард", (Yaralı Kurt) | 1972 Adana Altın Koza Film Festivali | Баранда |
1976 | "Беҳтарин ҳунарпешаи мард", (Mağlup Edilemeyenler) | 1976 Antalya Altın Portakal Film Festivali | Баранда |
1999 | "Мукофоти фахрӣ" | 1999 Antalya Altın Portakal Film Festivali | Баранда |
2013 | "Мукофоти фахрӣ" | Engelsiz Yaşam Vakfı | Баранда |
2013 | "Мукофоти фахрӣ" | 18. Sadri Alışık Tiyatro ve Sinema Oyuncu Ödülleri | Баранда |
2013 | "Мукофоти фарҳанг ва санъат" | 2013 Yılı Kültür ve Sanat Büyük Ödülü[3] | Баранда |
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ https://www.ntv.com.tr/n-life/kultur-ve-sanat/usta-sanatci-cuneyt-arkin-hayatini-kaybetti,V6GVgvXO5UiS96l7CsISeQ
- ↑ http://www.haber7.com/haber/20080119/Cuneyt-Arkin-Baska-kadina-el-surmedim.php
- ↑ 2013 Yılı Kültür ve Sanat Büyük Ödülü Değerlendirme Kurulu Kararı. 12 августи 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 Январ 2014.