Ҷурахон Маҷидзода
Ҷурахон Зоир Маҷидзода (зод. 26 марти 1957, деҳаи Яхчашмаи ноҳияи Муъминобод) — ҳуқуқшинос, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ (2004), генерал-майори милитсия, мушовири давлатии дараҷаи якум. Узви вобастаи Академияи илмҳои Амнияти умумиҷаҳонии Дастаҷаъмона. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таърихи таваллуд | 26 март 1957 (67 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Муъминобод |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ҳуқуқшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Зиндагинома
вироишҶурахон Маҷидзода 26 марти соли 1957 дар деҳаи Яхчашмаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1983 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ва соли 1993 Академияи ВКД-и Федератсияи Россияро хатм намудааст. Соли 1997 рисолаи номзадӣ ва соли 2004 рисолаи докториашро дифоъ намудааст.
Фаъолияти корӣ
вироишАз соли 1975 то соли 1977 хидмати ҳарбӣ намудааст. Солҳои 1983 то 1988 ба ҳайси нозир, сарнозири кофтукови ҷиноии РКД -и вилояти Қурғонтеппа иҷрои вазифа намудааст. Соли 1988 сардори шуъбачаи 3-юми шуъбаи кофтукови ҷиноии РКД-и вилояти Қурғонтеппа ва солҳои 1989—1991 муовини сардори ШКД — и ноҳияи Бохтар (Коммунистӣ) кор кардааст.
- 1991—1993 Шунавандаи Академияи ВКД — и ИҶШС
- 1993—1994 Сардори шуъбаи сеюми РКҶ, ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 1994—1994 Муовини сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 1994—1995 Сардори ШКД-и ноҳияи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе.
- 1995—1996 Сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 1996—1996 Сардори РКД-и вилояти Хатлон.
- 1996—1997 Муовини Котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 1997—1999 Муовини Раиси Кумитаи Гумруки назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон.
- 1999—2000 Муовини Раиси КумитаиМаҷлиси Олӣ оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон
- 2000—2001 Муовини Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 2001 Муовини сардори РКҶ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 2001—2007 Сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар нақлиёт будаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 2007—2009 Сардори Раёсати таҳқиқи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
- 2009—2011 Намояндаи Ваколатдори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (Муовини директор) дар бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона дар ИДМ. (БКБОП).
- 2011—2013 Сардори Раёсати Мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 2013—2015 Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз 1 марти соли 2015 аз Ҳавзаи интихоботии Муъминобод № 38 вилояти Хатлон — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният буд. Ҳамчунин Вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум солҳои 1995—2000 интихоб шудааст.
Ҷоизаҳо
вироишҶурахон Маҷидзода Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2012 бо Ордени «Шараф» дараҷаи II ва дар соли 2016 бо қарори Раёсати Академияи илмҳои байналмилалии маҷмаи бехатарии Федератсияи Русия бо Ордени олии байналмилалии «Ситораи тилоӣ» қадрдонӣ шудааст[1].
Таълифот
вироиш- Маҷидзода, Ҷ. З., Холиқзода А. Ғ., Одиназода Р. С. Ҷавонон ва амнияти иттилоотӣ. — Душанбе: «Маориф», 2019.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Маҷидзода Ҷурахон Зоир бо Ордени олии байналмилалии «Ситораи тилоӣ» сарфароз гардид(тоҷ.). Рӯзномаи «Садои мардум» (19 Январ 2016). 5 марти 2021 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Ҷурахон Маҷидзода. www.tojnews.org. TojNews. 5 марти 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 марти 2021.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |