Саломнома (суруд)

(Тағйири масир аз “Саломнома” (суруд))

«Саломнома» — як навъ суруди анъанавии ҷашну тӯйҳои арӯсии тоҷикон, ки ба муносибати қадам ниҳодани арӯс ба хонаи домод аз тарафи наздикони арӯс иҷро карда мешавад.

Ҳангоми ба арӯсхона ворид шудани арӯс аз ҷониби бибихалифа «Саломнома» хонда мешавад. Занҳои дигар пас аз ҳар як сатр хондани ӯ ҳама якҷоя «ҳазор алек» гуфта, ҷавоб медиҳанд.(дар маросими арӯсбарон)[1] Он дар шаҳру ноҳияҳои баъзе мавзеъҳои тоҷикнишини вилояти Фарғона, ва тоҷикони Бухорову Самарқанд, вилояти Қашқадарё маъмул буда, ҳамчун суруди муборакбодӣ маъруфу машҳур аст. Дар Вилояти Суғд, водии Зарафшону водии Ҳисор фаъол аст.[2][3]

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 133
  2. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ — Душанбе: «Ирфон», 2014, — С. 64
  3. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)