Aлaxлоp — лассо, C14H20NO2CI, як навъ алафкуш. Моддаи кристаллии сафед. Барои нест кардани алафҳои бегонаи кишти ҷуворимакка, офтобпараст ва соя (ба ҳар га 1,7 – 2,8 кг) пешбинӣ шудааст. Алахлорро бо атразин (ба ҳар га 1 кг) ва линурон (ба ҳар га 0,5 – 1,2 кг) омехта карда истифода мебаранд. Барои занбӯри асал ва дигар ҳашароти фоиданок безарар аст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш