Нонхӯракҳо

(Тағйири масир аз Blattodea)

Нонхӯракҳо (лот. Blattoptera) — қатори ҳашарот аз забарқатори нонхӯракшаклон (Dictyoptera), ки давраҳои инкишофашон нопурра мебошад, яъне се фаза (тухм, кирмина ва ҳашароти болиғ ё имаго)-ро дар бар мегирад. Нонхӯракҳо яке аз гурӯҳҳои қадимтарини ҳашарот буда, намояндаи онҳо ҳанӯз дар давраи ангишт зиндагӣ мекарданд.

Нонхӯракҳо
Нонхӯраки сиёҳ (Blatta orientalis)
Нонхӯраки сиёҳ (Blatta orientalis)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Blattodea Brunner von Wattenwyl, 1882
Забароилаҳо ва оилаҳо

Тавсифот

вироиш

Тани нонхӯракҳо мусаттаҳ мебошад. Сари нонхӯрак ба поён ҳам шудааст. Мӯйлаби дароз доранд. Узвҳои даҳонашон хоянда аст. Пойҳояшон ба тез гаштан мувофиқ шуда­аст. Болҳои пеш зичи дурушт буда, болҳои қафо хеле тунук аст. Боли баъзе Ноухӯракҳои модина бисёр кӯтох шу­дааст, ё ин ки онҳо бол надоранд.

Зиндагӣ

вироиш

Нонхӯракҳо тухми худро одатан дар капсулаи махсус—ботека, ки аз пардаи хитинӣ иборат аст, мегузоранд. Инкишофи онҳо аз 2—3 моҳ то 3—4 сол давом мекунад. Нонхӯракҳо ҳамахӯранд. Онҳо бештар ҳаёти шабона мегузаронанд. Баъзе намудашон (масалан, нонхӯраки зард — Blattella germanica ва нонхӯ­раки сиёҳ — Blatta orientalis) дар хонаҳои истиқоматӣ ва биноҳои гарм зиндагӣ карда, ашёи чармин ва маҳсулоти хӯрокро вайрон мекунанд.

Густариш

вироиш

Дар Осиёи Миёна ва мамлакатҳои Шарқи Наздик нонхӯраки турксттонӣ (Shelsordella tattara)-po низ мансуби организмҳои синантропи (организмҳое, ки ба дараҷаи муайян ба одам алоқа дорад) медонанд.

Намудҳо

вироиш

Дар айни замон қариб 3,6 ҳазор намуди нонхӯракҳо маълуманд. Онҳо асосан дар субтропика ва тропика паҳн шудаанд.

Дар Тоҷикистон 11 намуди нонхӯракҳо (Ectobius tadzictis, Б. subvitreus, Б. pavlovskii, Phyllodromica tarbinskii вa ғайра) зиндагӣ мекунанд.

Сарчашма

вироиш