CASA-1000 — аввалин тарҳи муштараки байниминтақавии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ буда, пайвасти шабакаҳои барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистонро дар бар мегирад.

Ҳадафи лоиҳа

вироиш

Ин тарҳ норасоии неруи барқро коҳиш дода, дар ташаккули бозори энергетикӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳои шарик, таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо дарназардошти як қатор манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ҳиссагузор хоҳад буд. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа соли 2009 анҷом дода шуда, соли 2011 аз нуқтаи назари тиҷоратӣ тасдиқ гардидааст.

Ин тарҳ барои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бобати содироти нерӯи барқи изофагӣ дар фасли тобистон ва ба даст овардани даромади воқеӣ имконияти мусоид фароҳам оварда, барои қонеъ намудани талаботи аҳолӣ ва иқтисодиёти Афғонистон ва Покистон бо нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза хидмат хоҳад кард.

Дар назар аст, ки фурушандагони нерӯи барқ - Тоҷикистон ва Қирғизистон дар моҳҳои май - сентябр то 5 миллиард киловат соат, аз ҷумла 3 миллиард киловатт соат Тоҷикистон ба харидорон - Афғонистон ва Покистон таҳвил хоҳад кард.

Татбиқи лоиҳаи CASA-1000 аз гомҳои нахустинест дар раванди амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳо ва мувофиқаҳои муштарак бо мақсади таҳкими робитаҳои коммуникатсионӣ ва инфрасохторӣ миёни кишварҳои минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, ки минбаъд барои рушду шукуфоӣ ва саодату осудагии мардумони он мусоидат намуда, барои иқдомҳои минбаъда дар ин самт замина хоҳад гузошт.

Маблағи умумии лоиҳа

вироиш

Маблағи умумии лоиҳаи CASA-1000 1 миллиард доллар арзёбӣ мегардад. Барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистон ба миқдори 320 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб мекунад. Сармояҳои Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Дар назар аст, дар марҳилаи аввал хатти баландшиддати 500 киловаттаи интиқоли неруи барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Тоҷикистон бо дарозии 477 километр бунёд шуда, сипас сохтмони хатти баландшиддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он кишвар ба Покистон бо дарозии 750 километр оғоз шавад.[1]

Бознигаред

вироиш