Санҷидиҳо

(Тағйири масир аз Elaeagnaceae)

Санҷидиҳо, ҷигдаиҳо (лот. Elaeagnáceae) — як оилаи буттаву дарахтони ҳазонрез ё ҳамешасабз.

Санҷидиҳо
Меваи ангат (Hippophaë rhamnoides)
Меваи ангат (Hippophaë rhamnoides)
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Elaeagnaceae Adans.
Ҷинсҳо
Нигаред фасли Ҷинсҳо

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

вироиш

Шоху барги санҷидиҳоро пулакчаҳо ё мӯякҳои ситорашакли нуқрагун пушидаанд. Барги онҳо дар 1 охчаву навда паи ҳам ё рӯ ба рӯи якдигар ҷой гирифтааст. Гули санҷидиҳо асосан дуҷинса, бе гулбарг, косабарги гулҳои дуҷинсаву модина як қадар найчашакл, косабарги гулҳои нарина паҳн ва одатая 4-парра, баъзан 2-парра ё 6-парра аст. Меваи Санҷидиҳо «чормағзак»-и хушк ва кушоданашаванда аст, қисми сершираву сермағзи он аз найчаи косабарг ба вуҷуд меояд.

Ҷинсҳо

вироиш

Санҷидиҳо 3 ҷинс ва қариб 65 намудро, ки асосан дар ноҳияҳои иқлимашоп мӯътадил ва субтропикии Нимкураи шимолӣ мерӯянд, муттаҳид мекунанд. Фақат баъзе намудҳои санҷид (қариб 60 намуд ) дар ноҳияҳои тропикии Осиё месабзанд. Дар кишварҳои пасошӯравӣ 2 ҷинсу 6 намуди санҷидиҳо маълуманд. Дар Тоҷикистон 4 намуди санҷидиҳо дар водии дарёҳо ва туғайзор месабзапд. Баъзеи онҳоро чун дарахти мева, доруӣ ё ороишӣ мепарваранд. Гули онҳо хушбӯю сершахд, меваашон сервитамин ва доруист (масалан, ангат).

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт

вироиш
  • Флора СССР. Том 15, Москва—Ленинград. 1949;
  • Вотаничесиий атлас, Москва—Ленинград. 1963;
  • Запригаева В. И, Дикорастущие плодовые Таджикистана, Москва—Ленинград, 1964.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.


Пайвандҳо

вироиш