Маҳима Чаудҳарӣ

ҳунарпешаи ҳинд
(Тағйири масир аз Mahima Chaudhary)

Маҳима Чаудҳарӣ— (англ.  Mahima Chaudhary), ном ҳангоми таваллуд Рита (тав. 13 сентябр соли 1973, Дарҷилинг, Бенгалистони Ғарбӣ, Ҳиндустон ) — ҳунарпешаи ва модели ҳинд. Баъди бурди шоҳҷоизаи Бонуи Ҳиндустон-1990, Маҳима дар таблиғот ва роликҳои телевизионӣ ҳамчун модел фаъолият мекард, то он даме ки руй ба синамо ниҳод. Маҳима дар таблиғи Pepsi бо ҳунармандон Айшвария Рай ва Амирхон бозидааст. Аввалин филми ӯ «Умедҳои фиребхурда» (англ. Pardes, 1997) ва се филми паиҳаме, ки бо иштироки Маҳима ба навор гирифта шудааст, ӯро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд[1].

Маҳима Чаудҳарӣ
англ. Mahima Chaudhry
Ном ба ҳангоми таваллуд: Рита Чаудҳарӣ
Таърихи таваллуд: 13 сентябр 1973(1973-09-13) (51 сол)
Зодгоҳ: Дарҷилинг, Бенгалистони Ғарбӣ, Ҳиндустон
Шаҳрвандӣ:  Ҳиндустон
Касб: мудел, бозигари синамо, ҳунарпешаи телевизион
Корнома: 1997 - то ҳол
Ҷоизаҳо: Filmfare Awards
IMDb: ID 0154274
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Маҳима Чаудҳарӣ 13 сентябри соли 1973 дар Дарҷилинги Ҳиндустон ба дунё омадааст. Ӯ мактаби Dow Hill-и Курсеонги Дарҷилинг-ро хатм намудааст. Маҳима маълумоти олиро бо дараҷаи бакалавр дар коллеҷи Лорето гирифтааст, аммо ӯ бо ихтисоси худ кор накардааст[2]. Ҳунарпешаҳои дӯстдоштааш Шоҳруххон ва Ҷуҳӣ Чавла мебошанд.

Ҳаёти шахсӣ

Чаудҳарӣ бо тенисисти машҳур Леандер Паес робитаи ошиқона доштанд вале пас аз хиёнати Леандер бо Риа Пилаӣ модел, онҳо ҷудо шуданд[3]. Маҳима Чаудҳарӣ моҳи ноябри соли 2006 бо Боббӣ Мукҳерҷӣ ба шавҳар баромадааст. Онҳо дар Лос-Вегас шинос шудаанд, Боббӣ дӯсти наздики бародари Маҳима аст. Шавҳари Маҳима меъмор мебошад[4]. Маҳима ҳамсари дуюми Боббӣ ба ҳисоб рафта, Боббӣ аз завҷаи аввалааш ҷудо шудааст ва ду фарзанд дорад. Маҳима ва Боббӣ бо анъанаи ҳиндуӣ ақд кардаанд.[5]10 июн и соли 2007 ин ҷуфт соҳиби духтарчае бо номи Арян гаштанд[6].

Фаъолият

вироиш
 
Маҳима Чаудҳарӣ соли 2018

Ӯ дар озмоиши барои филми Умедҳои фиребхурда (англ. Pardes) иштирок намуда аз байни 3000 нафар нақш аз они ӯ мешавад, ки ин филм соли 1997 ба навор гирифта шуд. Дар филм ӯ бо шоҳи Болливуд Шоҳруххон нақш бозидааст. Филм хело муваффақ шуд, ки ҷоизаҳои бисёреро бурд намуд ва Маҳима ҷоизаи Filmfare Awards-ро барои Беҳтарин Нақш ба даст овард[7]. Баъди бозидани ин филм ӯро ба бисёр филмҳои дигаре даъват намуданд. Нақшҳои дигари ӯ дар филми Омӯрзиш (англ. Daag: The Fire, 1999) буд, ки ӯ ду нақшро бозидааст ва дар дар филми Муҳаббат бозича нест (англ. Pyaar Koi Khel Nahin 1999), нақши бевазанеро мебозад, ки маҷбур мешавад ба бародари шавҳараш ба шавҳар мебарояд ва Маҳима аз иҷрои ин нақш ба хубӣ баромадааст; дар филми Тапиши дил (англ.  Dhadkan, 2000) ӯ нақши дуюмдараҷаро бозидааст, дар филм ба шахсе ошиқ мешавад, ки мард зани дегараро дӯст медорад; дар филми Иваз (англ. Deewane) нақши сарояндаро мебозад ва ошиқи ғоратгаре аст; дар Қатънашаванда (англ. Kurukshetra) нақши ҳамсари якрави полисро дорад; дар Гуреза (англ. Lajja) нақши арӯси ҷавонро меофарад, ки бо гаронии қалини маросими тӯй мубориза мебарад. Инчунин дар филмҳои Иҷоранишини ҷаззоб (англ. Yeh Teraa Ghar Yeh Meraa Ghar 2001), Бемории рӯҳӣ(англ. Om Jai Jagadish 2002),Ба ман танҳо муҳаббат лозим аст (англ. Dil Hai Tumhaara 2002), Ишқ бар намегардад (англ. Dobara 2004) ва ғайраҳо аз уҳдаи нақш ба хубӣ баромадааст.

Маҳима бо бисёр ҳунарпешаҳои машҳури Ҳиндустон аз қабили: Каҷол, Шилпа Шеттӣ, Амиша Пател, Урмила Матондкар, Маниша Коирала, Равина Тандон, Рекҳа, Ҳема Малинӣ, Притӣ Зинта ва Табу ҳамкори кардааст.

Соли 2010 дар филми Асад Раҷа бо номи (англ. Pusher) бо ҳунарпешаи ширинкор Манӣ Лиақат нақш бозидааст. Маҳима инчунин дар триллери (англ. Mumbhaii - The Gangster 2015) бо Санҷай Капур ва Ом Пурӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 2016 дар филми Шоколади сиёҳ (англ. Dark Chocolate ) дар нақши антагонист бозидааст.

Филмнома

вироиш
Сол Филм (номи аслӣ) Нақш Номҳои тоҷикӣ
1997 Pardes Кусум Ганга Орзуҳои фиребхурда
1999 Manasulo Maata Прия
Dil Kya Kare Кавита Кишоре
Daag: The Fire Каҷал Верма / Каҷрӣ Омӯрзиш
Pyaar Koi Khel Nahin Ниша Муҳаббат бозича нест
2000 Dhadkan Шитал Варма Тапиши дил
Deewane Пуҷа Иваз
Kurukshetra Анҷали П. Сингҳ Қатънашаванда
Khiladi 420 Риту Бҳардваҷ Бозигари рақами 420
2001 Lajja Майтҳилӣ Гуреза
Yeh Teraa Ghar Yeh Meraa Ghar Сарасватӣ Иҷоранишини ҷаззоб
2002 Om Jai Jagadish Айеша Бемории рӯҳӣ
Dil Hai Tumhaara Ниммӣ Ба ман танҳо муҳаббат лозим аст
2003 Saaya Таня
Tere Naam Баромади махсус дар суруди "O Jaana"
Baghban Арпита Алок Малҳотра Муҳаббат ва хиёнат
LOC Kargil Рина Ядав
2004 Dobara Анҷали Сегал
2005 Zameer: The Fire Within Суприя Маҳешварӣ
Kuchh Meetha Ho Jaye Гулоб Хон Вохурӣ дар фурудгоҳ
Sehar Анамика Кант
Film Star Ҳира Пандит Ситораи синамо
The Film Сушмита Бандерҷит Синамо
Home Delivery Мая
Bhagmati овоздиҳанда Бҳагматӣ
2006 Souten: The Other Woman Миталӣ 'Мита' Сингҳ Зани дигар
Sandwich Свит Сингҳ Сендвич
Kudiyon Ka Hai Zamana Анҷалӣ
Mr 100% Шилпа Ҷаноби 100%
Hope and a Little Sugar Салони Муҳаббат ва каме ширинӣ
Sarhad Paar Симрам Дар марз
2008 Gumnaam – The Mystery Риа Мистерия
2010 Pusher Анита
2015 Mumbhaii - The Gangster Ҳамсари ғоратгар
2016 Dark Chocolate Ишанӣ Банерҷӣ Шоколади сиёҳ

Барномаи телевизионӣ

вироиш
 
Mahima Chaudhry

Маҳима Чаудҳарӣ дар барнома - озмуни Чипта ба Болливуд (англ. Ticket to Bollywood ) аз 17 марти 2014 то 6 июни 2014 аъзои ҳакамон буд[8].

Ҷоизаҳо

вироиш
 
Маҳима Чаудҳарӣ 2017
Filmfare Awards
Zee Cine Awards

Нигаред низ

вироиш

Феҳристи ҳунарпешаҳои (актрисаҳо) Ҳиндустон

  1. Mahima Chaudhry. IMDb.com
  2. Hills smile to conquer camera & hearts. The Telegraph. 21 августи 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июни 2018.
  3. Leander cheated!. The Times of India. 21 августи 2015 санҷида шуд.
  4. The List: Who's Who & How Much. The Indian Express (9 February 2015). 21 августи 2015 санҷида шуд.
  5. 'Yes, I'm married and expecting!', The Times of India (30 мая 2007). Бойгонӣ шудааст 2 феврали 2014  сол. Проверено 2 декабря 2010.
  6. Aryana’s my life: Mahima, Times of India (22 февраля 2008). Бойгонӣ шудааст 2 феврали 2014  сол. Проверено 2 декабря 2010.
  7. Mahima Chaudhry. IMDb.com
  8. Behind-the-Scenes: From the Sets of Ticket To Bollywood. NDTV.com.
  9. Ҷоиза Бойгонӣ шудааст 8 июли 2012  сол.(тоҷ.) 43-юм Маросими ҷоизасупорӣ (барои корҳои соли 1997) дар вебсайти расмии ҷоиза.
  10. Номзадҳо Бойгонӣ шудааст 21 Январ 2019  сол.(англ.) 43-юм маросими ҷоизасупорӣ (барои корҳои соли1997) дар вебсайти расмии ҷоиза.
  11. Номинанты Бойгонӣ шудааст 8 июли 2012  сол.(англ.) 45-ум маросими ҷоизасупорӣ (барои корҳои соли 1999 ) дар вебсайти расмии ҷоиза.
  12. Номзад Бойгонӣ шудааст 9 июли 2012  сол.(англ.) 46-ум маросими ҷоизасупорӣ (барои корҳои соли 2000) дар вебсайти расмии ҷоиза.
  13. Best Debut-Female: Mahima Chaudhary(англ.). Zee Cine Awards. 29 апрели 2015 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  14. Best Actor In Supporting Role Female(англ.)(пайванди дастнорас — таърих). Zee Cine Awards. 29 апрели 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 июли 2015.

Сарчашма

вироиш