OnePlus 5 — смартфони ширкати хитоии OnePlus мебошад, ки 20 ибни 2017 сол муаррифӣ шудааст. Ин намуд бояд OnePlus 4 номгузорӣ мешуд, аммо рақами 4 дар Хитой рақами нобарорӣ ва бадбахтӣ ҳисоб мешавад.[1] OnePlus 5 вориси намуди OnePlus 3 аст.

Бренд OnePlus
Созанда OnePlus[d]
Иртиботот 3G, 4G LTE, LTE-A
Санаи барориш 2017
Пешгузашта OnePlus 3
Ҷонишин OnePlus 6
Навъ Камерафон, смартфон
Форм-фактор Моноблок
Андозаҳо 154.2 x 74.1 x 7.3 мм
Вазн 153 г
Системаи омилӣ Android 7.1.1 (Nougat)
Пардозанда Qualcomm Snapdragon 835
Графика Adreno 540
RAM 6/8 Гб
Ҳофизаи флеш 64/128 Гб
Аккумулятор 3300 мА·с
Камера 16 Мп+20 Мп
Камераи пеш 16 Мп
Мароҷеъ oneplus.net/5/

Дизайни OnePlus 5 бо сабаби шабоҳат бо дизайни iPhone 7 зери танқид қарор гирифт.[2][3]

Аз рӯи гуфтаи директори генералии ширкат Карл Пей, OnePlus 5 яке аз смартфонҳои аз ҳама зиёд фурӯхташавандаи ширкат гардид ва дар рейтинги дохилии фурӯш мавқеи OnePlus 3T-ро гирифт.[4] Дар Ҳиндустон OnePlus 5 дар ҳафтаи якуми фурӯш рекорди даромадро дар платформаи Amazon нишон дод.[5] Моҳи ноябри 2017 сол директори генералии зерсохтори OnePlus дар Ҳиндустон Викас Аггарвал хабар дод, ки истеҳсоли OnePlus 5 боздошта шуд зеро ширкат ба истеҳсол ва фурӯши намуди OnePlus 5T гузаштааст.[6]

Хусусиятҳои техникӣ вироиш

OnePlus 5[7]
Экран 5.5

Optic AMOLED, 1080 x 1920 px, 16:9

RAM 6/8 GB
Ҳофизаи флеш 64/128 GB
Камера 16+20 Мп, AF, HDR, 4K@30fps, 1080p@30/60fps, 720p@30/120/480fps
Камераи пеш 16 Мп, 1080p
Пардозанда 4x2.45 GHz & 4x1.9 GHz
Системаи омилӣ Android 7.1.1 (Nougat), OxygenOS 10.0.0
Андозаҳо 154.2 x 74.1 x 7.3
Вазн 153 г

Камера вироиш

Заминаи DxoMark камераи OnePlus 5-ро бо 87 хол баҳо дод, ин аз iPhone 7 зиёдтар аст.[8][9][10]

Намоишгар вироиш

Истифодабарандагон барои мавҷуд будани ҳолати “желе” шикоят карданд, ҳангоми саҳифагардонӣ тасвир дар рӯи лавҳ хира мешуд. Ширкат арз кард, ки мушкилоти мазкур норасоии лавҳ нест.[11][12]

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш