OnePlus 6смартфони ширкати OnePlus мебошад, ки 16 майи 2018 с. дар Лондон тақдим карда шудааст. Фарқкунон аз намудҳои пешина, баданаи смартфон пурра аз шиша сохта шудааст.

Бренд OnePlus
Созанда OnePlus[d]
Иртиботот GSM/CDMA/HSPA/LTE
Санаи барориш 2018
Пешгузашта OnePlus 5
Ҷонишин OnePlus 7
Навъ Камерафон, смартфон
Форм-фактор Моноблок
Андозаҳо 155.7 x 75.4 x 7.8 мм
Вазн 177 г
Системаи омилӣ Android 8.1 (Oreo)
Пардозанда Qualcomm Snapdragon 845
Графика Adreno 630
RAM 6/8 Гб
Ҳофизаи флеш 64/128/256 Гб
Аккумулятор 3300 мА·с
Камера 16 Мп+20 Мп
Камераи пеш 16 Мп
Мароҷеъ oneplus.com/global/6

Хусусиятҳои техникӣ вироиш

OnePlus 6[1]
Экран 6.28

Optic AMOLED, 1080 x 2280 px, 19:9

RAM 6/8 GB
Ҳофизаи флеш 64/128/256 GB
Камераи 16+20 MP, AF, HDR, 4K@30/60fps, 1080p@30/60/240fps, 720p@480fps
Камераи пеш 16 MP, 1080p@30fps
Пардозанда 4x2.8 GHz & 4x1.7 GHz
Системаи омилӣ Android 8.1 (Oreo), OxygenOS 10.3.1
Андозаҳо 155.7 x 75.4 x 7.8
Вазн 177

Камераи вироиш

Манбаъи DxoMark камераи смартфонро ба 96 хол баҳо дод. Режими аксгирӣ 100 хол гирифт, режими наворгирӣ бошяд 87 холл.[2]

Ҳимоя вироиш

Аз рӯи суханҳои ширкат, OnePlus 6 нисбати об ва чанг тобовар аст, вале намуд шаҳодатномаи IP надорад.[3][4]

Носозиҳо вироиш

Дар моҳи июли 2018 с. хабарҳо дар бораи ҷои кафида дар қапқоқи қафо пайдо шуданро сар карданд, ки худ аз худ бе таъсири ҷисмонӣ назди калидаки тағйири баландӣ пайдо мешуданд.[5][6] Ҳамон вақт низ истифодабарандагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати милт-милти дисплей шикоят карданро сар карданд. Аз рӯи суханҳои истифодабарандагон, носозиҳо пас аз навкунии намуди барномаи OxygenOS 5.1.8 оғоз ёфтаанд. Дар таҳрири OxygenOS 5.1.11 носозӣ ислоҳ карда шудааст.[7][8]

Фурӯш вироиш

Аз рӯи суханҳои ширкат, OnePlus 6 аллакай дар рӯзи якуми фурӯш рекордро шикаст дода, байни тамоми дастгоҳҳои OnePlus смартфони аз ҳама тез фурӯхташаванда гашт.[9][10] Моҳи июни 2018 с. ширкат маълумот дод, ки дар давоми 22 рӯз 1 миллион смартфонҳои OnePlus 6 фурӯхта шудааст.[11]

Эзоҳ вироиш

Пайвандҳо вироиш