Raffaello (Раффаэлло) — тамғаи қанд ё конфет, ки ширкати итолиёвии Ferrero аз соли 1990 то ҳол истеҳсол мекунад.

Қандҳои «Раффаэлло» курашакл буда, бо нони қандини тунуке, ки дар рӯяш нақши тӯр доранд омода мешаванд. Дар дарунашон бодом, омехтаи равғани растанӣ, шири бе равған ва шакар мавҷуд аст. Болои кураҳои «Раффаэлло» бо резаҳои нахли норҷил (кокос) пӯшонида шудаанд. Қандҳои «Раффаэлло» дар матоъи лавсан печонида шуда дар қуттиҳои қоғазин ё метали, бо шаклҳои гуногун ва рангҳои сафеду сурх ороиш дода шудаанд. Инчунин, ҳар як қанд дар матоъи лавсан алоҳида печонида шуда, вазни як дона қанд 10 граммро ташкил медиҳад.

Қандҳои «Раффаэлло» аз рӯи натиҷаи ҷоизасупории ҳарсолаи боварии халқ «Тамғаи № 1 дар Русия, соли 2009» ҳамчун қандҳо дар борҷома сазовори тамғаи № 1, бо гирифтани 39 % овозҳо ғолиб дониста шуд.

Дар соли 2010 истеҳсоли қандҳои «Раффаэлло» дар корхонаи Ferrero дар деҳаи Ворша, вилояти Владимирская ба роҳ монда шудаанд.

Нигаред вироиш

Пайвандҳо вироиш