«Вашингтон пост» (англ. The Washington Post — «Почтаи Вашингтон») — яке аз бузургтарин ва бонуфузтарин рӯзномаҳои хусусии ИМА. Муассисаш «Вашингтон пост компани». Аз соли 1877 дар шаҳри Вашингтон чоп мешавад. Асосан манфиатҳои доираҳои тиҷорату саноат ва сиёсатмадоронеро, ки дар сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат мавқеи «муътадил»-ро тарафдоранд, инъикос мекунад. Адади нашри ҳаррӯзааш 700 ҳазор нусха буда, рӯзҳои истироҳат то ба 1 млн нусха мерасад.

Номи аслӣ англ. The Washington Post[1][2][3][…]
Навъ рӯзномаи рӯз[d]
Формат васеъшакл[d]

Молик Ҷефф Безос[4]
Ношир Fred Ryan[d][5]
Кишвар
Муҳаррир Sally Buzbee[d][6]
Асосгузорӣ 1877
Забон инглисӣ[2][7][8]
Даврият 1 Рӯз[2][3][8]
Дафтари марказӣ
ISSN 0190-8286 ва 2641-9599
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ washingtonpost.com(англ.)

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш