Муғелон
Муғелон, хори мағелон, марғелон, хасак, хорхасак, оҳанхорак (лот. Tríbulus terréstris) — гиёҳи яксолаест аз оилаи ласфиҳо.
Муғелон | ||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Tribulus.
|
||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||||||||||
Tribulus terrestris L. | ||||||||||||||||
|
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишПояаш чун палак паҳн туда, то 1 метр дароз мешавад. Баргаш пармомонанд (дарозиаш 2,5—5*5 сантиметр, бараш 1,5—2 сантиметр), гулаш зард, мевааш ситорашакл буда, 2—4-то хори сахту тез дорад. Аз май то охири тобистон гул карда, аз июн мева мекунад. Чун алафи бегона дар боғу киштзор, замини партов, канори роҳ, нишебиҳои санглоху регӣ ва ғайра мерӯяд. Дар Тоҷикистон васеъ паҳн гаштааст.
Корбурди пизишкӣ
вироишДар тибби мардумӣ барои табобати бавосир, иллати гурда, қабзияти меъда, хала ва ғайра истифода мешавад. Дар тибби муосир қиёми алафи муғелон(Extractum Tribullus terrestris) ва доруи «требестрис»-ро ҳангоми сустии кори ғадуди ширеҷудокунандаи меъда ба кор мебаранд Алафи Мушхор пайвастҳои флаваноидӣ, сапонинҳо (диосгенин), моддаҳои даббоғӣ, равған, витамин ва ғайра дорад.
Муғелон барои ҳайвон заҳрнок аст ва боиси касалии «трубулоз»-и бузу гӯсфанд мешавад. Баъзан 50—90%-и ҳайвони касал мемирад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Муғелон / М. Ҳоҷиматов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
- Гусынин И. А., Токсикология ядовитых растений, Москва. 1902