Нардсунбул, сунбули румӣ ё валериан (лот. Valeriána officinális) — гиёҳест бисёрсола бисёрсолаест аз оилаи нардсунбулҳо.
Нардсунбул |
---|
|
|
Valeriana officinalis L., 1753 |
|
Барги яклухту сетоӣ 6 парра-парра чока, гули майдаи қифшакли сафед ё гулобӣ дорад.
Зиёда аз 200 намудаш асосан дар кӯҳҳои Анди Амрикои Ҷанубӣ ва Аврусиё паҳн шудааст. Қариб 30 намудаш дар кишварҳои пасошӯравӣ ба ғайр аз ноҳияҳои Шимоли Дур ва биёбонҳо мерӯяд.
Дар Тоҷикистон 4 намуди нардсунбул (V. chionophila, V. fedtschenkoi, V. ficariifolia, V. dubia) дар сояю байни харсангҳо, нишебӣ ва даруни дараҳо, буттазор ва ғайра мерӯяд. Аз онҳо V. ficariifolia ва V. dubia гиёҳҳои шифобахш мебошанд.
Дар таркиби реша ва решапояи нардсунбул равғани эфир, кислотаҳои валерин, сирко, формиат, алкалоидҳои валерин ва хатинин, моддаҳои даббоғӣ, қанд ва ғайра. мавҷуданд. Қиём, нақеъи спиртӣ ва эфирии нардсунбулро чун моддаи таскинбахш (ҳангоми неврози системаи дилу раг, ихтилоли меъдаву рӯда, бедорхобӣ, ғалаёни хун, шақиқа, ғашаён, халаи гурдаю ҷигар ва ғайра) истифода мебаранд. Ба таъсироти номатлаби нардсунбул хоболудӣ, камҳавсалагӣ, суст шудани қобилияти корӣ, ба вуҷуд омадани қабзият, аксуламалҳои аллергӣ ва ғайра мансубанд.
Нардсунбул дар шаклҳои гуногун истифода мешавад, масалан, решапораҳои андозаашон гуногун ё хока, ки дар халтачаҳо гирифта шудаанд (барои тайёр кардани нақеъ кор мефармоянд); нақеъи нардсунбул, ки маҳлули сурхтоб буда, бӯи махсус дорад; қиёми нардсунбул, ки дар шакли қурс (20 мг) истеҳсол карда мешавад; гранулаҳо ва чакра.