Мунҷ, ё Мунч (лот. Vicia sativa) — гиёҳи як ё дусолаест аз оилаи лӯбиёиҳо.
Мунҷ |
---|
|
|
Vicia sativa L. (1753) |
|
Баландиаш 20—100 сантиметр; пояи асосан рости сершохча, барги мураккаб (дарозиаш 4—10 сантиметр), ки аз 3—8 ҷуфт баргча иборат аст, гули гу ногунранг, ғилофаки 4—12-тухма, тухми гуногунранг (ашҳабия сабзча, дорчинӣ, сиёҳтоб ва ғайра) дорад.
Моҳҳои апрел—июн гулу мева мекунад.
Мунҷ дар Аврупо, кишварҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ (Қисми Аврупоӣ, Кавказ, Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ, Шарқи Дур, Осиёи Миёна) паҳн шудааст. Мунҷи худрӯй дар Тоҷикистон асосан дар алафзори нимсаванн ва ҷангали гармсер (шиблак), инчунин ҳамчун алафи бегона дар киштзори гандум, ҷав, ҷавдар, наск (500—1800 метр аз соҳили баҳр мерӯяд. Асосан дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ, Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ паҳн шудааст.
Мунҷ хӯроки хуби чорвост. Онро дар хоки сернам мекоранд. Одатан, бо рустаниҳои дигар омехта кишт мекунанд. Махсусан бо хӯшадорҳо хушхӯр мешавад. Хошоки мунҷ серғизо аст. Мунҷ дар давраи гулшукуфт 1,4% қанди ҳалшаванда, 26,6% протеин, 22,2% сафеда, 5,3% равған ва ғайра дорад. 100 килограмм алафи хушки мунҷ 20,1 килограмм протеини ҳозим дошта, 80,6 воҳиди хӯрокӣ аст. Аз ҷиҳати серғизоӣ ба себаргаи сурх наздик аст.
- Қосимов Ҷ. Қ. ва дигар, Зироатҳои Тоҷикистон. Душанбе, 1975;
- Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 5, Ленинград, 1978.